Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

истодааст. На ба чармгару аттор тавалло мекунӣ, ки насяю арзон диҳад ва на ду чашмат дар роҳи харидору молатро киш-киш карда мешинӣ.
— Хайр, шукр.

Бо ҳамин гуфтугӯ қатъ шуд. Афсӯс мехӯрдам, ки модарам нақли падарро аз воқеаи дар бозор рӯйдода шунидан нахост. Вале аз миён ду рӯз нагузашта шаби «тонготар» расиду чун одат ҳамсоямон Муҳаммадризо ба дӯконхонаамон омад. Аз хона кӯрпачаи тоза бароварда, ба лаби суфаи дӯкон андохта, ӯро нишондем.
— Канӣ, мулло, бигӯед, ки дар дунё чӣ хабарҳои наву тоза? — пурсид падарам аз ӯ.

— Хабарҳои нав кам нею аз ҳама муҳимаш ҳамин, ки баъди чанд вақт ислоҳоти обу замин сар мешавад,— ҷавоб дод Муҳаммадризо. — Охири охирон, ҳақ ба ҷояш қарор мегираду ба замин ҳамон кас соҳиб мешавад, ки коштаю бардошта метавонад.

Пас аз ин Муҳаммадризо ба саволҳои падарам дар хусуси ислоҳоти замин ҷавобҳо доду навбат ба падарам расида, воқеаи парешаб дар бозори Панҷшанбе рӯйдодаро ҳикоя намуд:
— Солеҳҷони атторатон, мулло, аз музтарӣ замин накафид, ки дарояд.

— Эй, хӯш, канӣ шунавем,— хандаи базебе кард Муҳаммадризо.— Баногоҳ зани нав-ку ёфтани набудааст?

— Ғайр аз ин занҳояш ягон бист сол пеш вай чашми мардумро хато карда, дар Исфисор аз паи як бевазани ҷавоне ҳам афтодааст... — Ин вақт гӯё ба ёди падарам расид, ки чунин суханро дар назди ман мегӯяд, ба ман нигарист. Маънии ин нигоҳро фаҳмида, кафшро ба паҳлӯи сандаличам гузоштаму берун баромадам. Аммо нарафтам. Ба қафои тиреза гузашта нишастам ва гӯш ба овоз дода, баръало мешунидам.

— Оббо, модарбахатое! — хитоб намуд Муҳаммадризо.— Хайр, чӣ воқеа рӯй дод?

— Поҷоямон, Муллокомил ифторкунон карда буд,— нақл кард падарам.— Зиёфат анча бевақт тамом шуду омадаравон ба чорраҳа расида бинам, ки дар милисахона ғавго баланд. Чӣ гап бошад гуфта наздик равам, аз он ҷо тарбуз барин суп-сурх шуда, Солеҳҷони аттор, аз қафояш як йигити милиса ва аз ҳама охир оқсаққол Мирзошариф баромаданд. Милиса қӯшмасчидии

пешина
аз 447
навбатӣ