Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
худамон, Абдулҳаким буду ҳамроҳаш омадам. Воқеаро як ба як гуфта дод: Солеҳҷони аттор дар Исфисор боғу майдонҳо доштаасту рӯзе аз рӯзҳо аз гуфти Абдулҳаким, зани ҷавони як боғбонашро дида мемонад, тавқи ишқи муаллақи вай ба гардани бечора зан мефарояд. Сад ҳилаю найранг мекунад, ки занро ба дом фурорад, намешавад. Аттор як ҷуфт барзаговро рустӣ мефурӯшонаду ба боғбон тӯҳмат мекунад, ки онҳоро дуздид. Оқсаққолу мингбошӣ, волосу қозии тарафи киро мегирифтанд? Боғбони бечораю бегуноҳро бастаю хаста бурда ҳамс мекунанд. Вай аз гуфти Абдулҳаким, ба зарби қамчину калтакҳои волос, ки вайро ба дуздӣ иқрор кардаӣ будааст, тоб наоварда мемирад. Беинсофиро бинед, мулло!
Камоли беинсофӣ! Оббо падарлаънати валадизино! — тоқат карда натавониста бонг зад Муҳаммадризо.
Зани боғбон баъди ҳашт моҳи ҳабс карда шудани шавҳараш писар мезояду Ёдгор ном мемонад. Вай дигар ба шавҳар намебарояд. Эҳтимол, гапу калоча шуда бошад, чӣ гуфтед? Ҳамин як фарзандро калон мекунад. Ӯро тагояш ба зери ёлу болаш мегирад. Вай деҳқон мешавад. Бача, ки ақлашро ба даст гирифт, албатта дадоям кию чӣ хел шуда мурд гуфта пурсуҷӯ мекунад-дия. Ба вай ҳақиқати ҳолро мегӯянд. Ёдгор қасд мекунад, ки аз куштори падараш қасос гирад.
Ҳеҷ набошад, як нағзакак дошта занад, ба шаҳр мефурояд. Кофта ба ҳавлии аттор меравад. Мегӯянд, ки ҳанӯз аз дӯконаш гашта наомадааст. Ёдгор пурсида-пурсида ба дӯкони аттор мебиёяд, ки вай акнун дӯконро мебастааст. Фалони шумо-мӣ гуфта мепурсад ва кулочкаш карда ба таги манаҳаш муште мезанад, ки дароз кашида меафтад, фарёд мебардорад, ки «мусулмонон мадад кунед. Ин дузд қулфи дӯконамро шикаста даромадаӣ буд». Қаровулҳои раста нархи сабзию пиёзро напурсида, ба Ёдгор мечаспанд. Ҷигити боқувват аз дасти онҳо баромада, ба биқини аттор боз ду-се мушти қорои мезанад. Бача ҳашқилок-дия, гӯл. Ба даст наафтам гуфта, мегурезад. Вайро дастгир карда, ба милиция мебаранд. Аммо аттор чунон музтар шудааст, ки як занбару ду ҳаммол набудааст, ки барад.
Аз хоки пояш гардам, Мирзошарифро медонед-ку,
мӯро аз хамир ҷудо мекунад. Оқсаққол ана ин тавр

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё