Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

шудааст. Бо ақлу фаросат. Батамкину вазнин. Амалдору обрӯманди шикастанафс. Мегӯянд, ки милисия кадом ҷанҷоли калобаи чигил барин бесару нӯге бошад, ана ба ҳамин одами борикрес бор мекардааст. Гиребони чанд гунаҳкори бегуноҳро аз чанги тӯҳматчиҳо ӯ халос кардааст.

Ин дафъа ҳам аз гуфти Абдулҳаким, атторамон Мирзошарифро дидан замон, доду бедод мекунад, ки дар бозори Панҷшанбеи ба туфайли оқсақколию бо адолати ӯ доруламон, ғоратгар пайдо шудааст ва дар ҳозирии соҳибаш ба пулу моли дӯкон даст дароз мекунад. Аммо Мирзошариф оҳиста ба мазмуни гап мерасад. Аз ҷавон гап мепурсад. Вай мегӯяд, ки ин кушандаи падари ман аст. Ман барои зада як умр маъюбу маслуқ кардани вай омада будам. Хуш аз сару ранг аз рӯи аттори маккор мегурезад. Оқсаққол ба ҳар ду мефармояд, ки пагоҳ аз соати нӯҳ дер намонда ҳозир шаванд. Ин тарафи воқеа чӣ шуд, намедонам.

— Мирзошариф корро ба тафтиш супурдааст, — гуфт Муҳаммадризо. — Ду рӯз боз дӯкони Солеҳҷон бастаю мегӯянд, ки падари зани сейӯмаш ҳам аз болои вай рафта арз кардааст, ки духтари ӯро ба зӯрӣ гирифта буд ва аз рӯи хоҳиши аттор қози бе ҳеҷ гуноҳе вайро ду ҳафта ба ҳабс андохтааст ва ба духтардиҳӣ розӣ ҳастам гӯён аз забонаш замонхат гирифта, сар додааст.

— Қурбони ҳукумати шӯро шавӣ меарзад, — гуфт падар. — Гапи ҳамин даҳонкалонҳо гап буду ҳар бечораи инту не, онту гуфтагиро ба ҳар бало хоҳанд, дучор мекарданд. Ба қавли ӯзбек, замона зӯрникӣ буду тамошо кӯрникӣ.

Дидам, ки суханҳои дар назди ман гуфта шуданашон нораво ба охир мерасанд, ба дами дар наздик омада, сурфае кардаму Муҳаммадризо биё писарҷон, биё, гӯён маро ба дарун хонд ва ба сари кор рафта нишастам. Аммо сухан аз некӯкирдорӣ баинсофии оқсаққол, яъне сардори шӯъбаи милиция дар шаҳри кӯҳнаи Хуҷанд Мирзошариф Раҷабов ба охир нарасида буд.

— Хуб карданд, ки ба сардорӣ ӯро монданд, — гуфт Муҳаммадризо. — Ба ҳеҷ кас сахту зор намерасад. Ба доди додхоҳ мерасаду ҷазои бадро ба дур намеанҷомонад. Худатон хабаратон ҳасту медонед, писари Раҳмати бӯръёбоф — Тоҷӣ аз ҳамин падари меҳнатдӯст,

пешина
аз 447
навбатӣ