Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
Ҳӯшу добу ахлоқ, аз сара саг баромада, дуздию авбошӣ, мастию пастӣ карда мегашт. Ҳамаро ба дод оварда буд. Ба ҷони Раҳмат расида, ба пеши Мирзошариф омада, зорӣ мекунад, ки писарашро қаваю итоб карда, ба ягон ҷои дур фиристад ва ҳамаро аз шарри вай халос кунад. Мирзошариф чӣ кардааст гӯед? Як рӯз Тоҷӣ аз пеши идораи ӯ мегузаштааст, ки чеғ задаасту аз назди худ ҷои нишон дода ба пишастан таклиф мекунад ва баъд ҷой дароз карда гуфтааст:
— Писарам, барои ҳамин идораи мо як посбон даркор аст.
— Посбонаш чӣ?— пурсидааст Тоҷӣ.
— Посбонаш, писарҷон, ҳамин ки дар вақти набудани ману милиционерҳо асои пир ба ҷои пир мешаваду арзу дод мешунавад. Ҷанҷол-панҷол хеста монад, то расида омадани мо басанда мекунад. Дасташ холӣ шавад, идораро мерӯбад. Шабҳо як катҷаро ба дами дар монда медиҳам, хоб мекунад. Ҳар моҳ фалон сӯми роҷуинақд мегирад. Сонӣ инаш аз ёд набарояд, ки сару либоси милиционер мепӯшад.
— Сару либос ҳам медиҳед?
— Ҳа.
— Сару либоси нав?
— Наву тоза. Мӯза, шим, курта, китель.
— Тапонча ҳам медиҳед?
— Тапонча ҳам медиҳем. Аммо баъди шаш моҳ кор кардан.
— Аз поматон гардам, амакҷон. Маро ба ҳамин кор қабул кунед! — ғайри интизории Мирзошариф Тоҷӣ ба тавалло медарояд.
— Ман туро қабул мекардам. Падаратро медонам.
Одами меҳнатдӯст, ба хурду калон баробар. Саракаш ҳаму ҳамеша аз паи кору худ. Аммо ту, худам намедонаму аз гуфти дигарҳо, андак шӯх будай... Баъди посбони ин ҷо шудан ҳам худо нахоҳаду ягон кору бори бад карда монӣ, ҳам ба худат гап мерасаду ҳам ба мо.
— Ягон гапдагӣ накунам-чӣ?
— Нураш алонур мешавад. Кистӣ? Посбони шӯъбаи милицияи шаҳри Хуҷанд. Одами обрӯманд, калоншаванда...
— Агар шумо маро ба кор қабул кунед, гап яктаю худо якта. Дигар ҳеҷ гапдагӣ намекунам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё