Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
— Барои ин ба аҳднома даст монданат даркор аст ва агар ба гапат наистӣ, дар назди милисия ҷавобгар мешавӣ.
— Нависед, даст мемонам, амакҷон.
— Ин тавр бошад, рафиқ Тоҷӣ Раҳматов аз ҳамин дам сар карда маро амак наменомед. Рафиқ сардор мегӯед. Хуб?
— Хуб шудааст, рафиқ сардор.
— Боракалло, ин як. Шарти дуюм, рафиқ Раҳматов, ҳамин, ҳозир аз ҳамин ҷо рост ба сартарошхона меравед, ришро нағз метарошонед, мӯйлабро ҳам андак ба ифоқа медароред. Ба ҳаммом рафта, нағзакак шустушӯ мекунед. Пагоҳ соати нӯҳ ягон дақиқа бе пешу ақиб ҳозир мешавед.
Пагоҳи ҳамон рӯз Тоҷӣ, ки соат надорад, ягон соат пеш аз кушода шудани идораи милисия меояду панҷ-шаш қадам дуртар аз он мешинад ва баъди ҳар чанд дақиқа ба пеши самоворчӣ тохта рафта, чанд будани соатро мепурсад ва расо соати нӯҳ ба пеши Мирзошариф медарояд. Сардор ба сару рӯй ва либоси вай нигоҳ карда, хурсанд мешавад. Як касро шинонда, аз чанд шарту шароити тарафайн иборат аҳднома менависонаду имзо карда дар пеши назари вай мӯҳри милисияро пахш намуда, ба сандуқи пӯлод мегузорад.
— Шумо, усто, ба ҳамин наздикиҳо оё Тоҷиро дидед? — пурсид Муҳаммадризо. — Надида бошед, ягон бегоҳӣ баъди кор ба Чорраҳа раведу номаълум аз пеши милисия гузареду қудрати худоро бинед... Тоҷии дирӯз аз гӯлахӣ ҳам чиркинтару аз гадо ҳам ҷулҳинде, сару либоси милиционерӣ дар тан, покизаю озода, пой болои пой партофта менишинад. Дар ҳақиқат асои пир ба ҷои пир шуда, дар набудани оқсаққол ва милиционерҳо ҳатто бетартибию ҷанҷолҳоро басанда мекунад.
Ҳама медонанд, ки вай хирс барин зӯру гург барин гиро, бо вай хархаша кардан намехоҳанд. Хурсандии падарашро намегӯед! Аз рӯи маслиҳати Мирзошариф вай нисфи моҳонаашро ба падараш мебурдааст. Бечора Раҳмат, ки як умр аз пушти писараш фақат таънаи мардумро мешунид, аз хурсандӣ гиристааст. Вай, аз афти кор, ҳамаи ҳунарашро ба кор андохта, як бӯрёи калоне бофта, ба ҳавлии Мирзошариф мебарад. Илоҳӣ
1 Бақар — ду тин.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё