Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
ба ҳазор даромад, почҷо, коре кардед, ки табиби ҳозик, муллои забардаст, ҷодугари ҳунарманд ҳам карда наметавонист. Писари ноқобили ман ба шарофати шумо душна-дуруст як ҷавони боодоб шуд. Ҳатто дирӯз ними моҳонаашро овард. Аввал тарсидам, ки пештара барин аз қиморбозӣ бурида ё кисаи ягон шӯрбахтро буридагӣ набошад. Сони фаҳмам, ки пули меҳнати ҳалол. Қами мою карами шумо, почҷоҷон. Ана ҳамин бӯрёро аз хурсандӣ ба нияти хонаи шумо тахтаю пухта, бофта овардам.
— Дар ҳақиқат бӯрёи калони хушрӯ бофтаед,— мегӯяд Мирзошариф.— Ба ин қадар синну сол расида, чунин бӯрёи калонро надида будам. Аммо Раҳмат ако, агар хоҳед, ки ман вайро гирам, ягон бақар кам накарда, пулашро гиред.
Раҳмат ҳарчанд тавалло мекунад, ки бӯрёро бепул гирад, ӯ қабул намекунад. Бӯрёбоф ночор пул гирифта, даст бардошта аз номи худ, занаш, хешу таборҳо ӯро дуо мекунад.
— Ана ин, ҳамсояи азиз, аҷри хизмат ва изҳори миннатдорист,— пақли худро ба анҷом расонд Муҳаммад-ризо.— Ана ин самараи пурдонию батадбирист. Мирзошарифро ман дере боз медонам.
— Пеш тӯппифурӯшӣ мекарданд,— гуфт падарам.
— Бале. Падараш деҳқони ба худ тинҷ буду писа- рашро хуб хононд. Аз оламу одам бохабар карда, даст- моя додӣ, як дӯкони тӯппифурӯшӣ кушода дод,— илова намуд Муҳаммадризо.— Аммо ӯ аз қафои фоидаи бисёр, асасаю дабдабаи зиндагӣ натохт. Аз русҳо ошною рӯшно пайдо карда, ба ёд гирифтани забони онҳо да- ромад. Хуб кард. Дар ҳақиқат одам агар аз аҳволи за- мон бохабар мешавам гӯяд, забону илми Русиро бояд донад, Мирзошариф ба ҳамин роҳ даромад. Мо ҳар ду маслиҳат карда, ҳар кадом ба газетаҳои дигар нави- сонда будему вай газетаҳояшро баъди хондан ба ман меовард, ман ба вай. Одами хушманд. Аз омади замон огоҳ шуду аз баҳри тӯппифурӯшӣ гузашт. Ҳикояи дуру дароз карда, ба коратон ҳалал намерасонам, ҳамсоя? Ин тавр бошад, гапи дигар.
Дар ин асно дари дӯкон тақ-тақ шуду тахта баро- мадам, ки духтарчаи Муҳаммадризо Тӯхтанисо як чой- нак чой ва укаи ӯ Сафо дар як тақсимича конфет бар- дошта истодаанд. Шабхон тонготари мо Муҳаммадризо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё