Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
чун ихтиёри бо падарам сӯҳбат карданро намуда, ба дӯкони мо то посе аз шаб гузаштан менишаст, ба ҳавлиаш таъин мекард, ки ба дӯкони мо чои махсус дам карда, бо конфет биёранд. Сӯҳбатҳои дилнишини ин марди босавод ва пурдон, маро аз як тараф ва аз тарафи дигар, чои қаймоқии ӯ, ки баъди нӯшидан мазааш аз кому даҳон намерафт, конфетҳои рангу ба ранги ширин хушнуд мегардонданд. Чою конфетро аз дасти онҳо гириф-таму Сафоро ба дӯкон даъват намудам. Вай даромада, фурсате дар назди падараш нишаст ва баъди ин ки сари ӯро сила намуда «шери дадош, акнун вақти хоб шуд» — гуфт, калонона ва боодобона хайру хуш карда рафт.
Муҳаммадризо чои чойнакро ду бор бод дода, рӯймолчаи калонро ба болои он пӯшид ва пас аз фурсате камтар ба худ рехтаву нӯшида, пиёлаи дигарро бо конфет ба падарам дароз кард. Ӯ як дона конфетро гирифта, як ҷуръа нӯшида, пиёларо ба рӯи кундаи кафшдӯзӣ гузошт. Хаёли ман ин буд, ки падар тезтар чой нӯшаду, навбат ба ман расида, зудтар конфет гирам. Даҳонам дар ёдаш об мекушод. Қошки чойрезиро ба ман мегузоштанду навбат аввал ба ман мерасид. Аммо Муҳаммадризо чойро ҳамеша худаш мерехт.
— Ҳа, мулло, — ҳоло гап ба куҷо монда буд? — пурсид падарам аз ӯ.
— Дар сари аз баҳри тӯппифурӯшӣ баромадани Мирзошариф буд. Воллоҳу аълам, ё соли панҷум ё вашӯм, ҳар чӣ бошад солҳои пурошӯби ҷаҳон буд, ки Мирзошариф дар сар ҳавои ҷаҳон гаштанро мепарваридааст, ки падараш вафот карду заминҳоро фурӯхт. Пулро ба миён баста, ба нияти ҷойҳои надидаашро дидан (албатта, ба нияти ҳаҷравию ҳоҷишавӣ не), ба ҳаҷравон ҳамроҳ шуда рафт. Аммо ҳаҷҷи вай дар худи Одесса қабул шуд. Механдид? Чӣ хел? Ҳоҷиён рафта аз меҳмонхона ҷой мегиранд. Сардорашон, ки бори дуюм ба ҳаҷ мерафтааст, зинҳор мекунад, ки ҳеҷ кас танҳо ба шаҳр набарояд. Зеро ин шаҳри бандаристу оқипадару аз таги дор гурехтагиҳо кам не. Мирзошариф гӯш надода, танҳо ба театр меравад. Дар бозгашт роҳро гум карда, дар кӯчаи хилвате аз касе адреси меҳмонхонаро мепурсад. Вай ба ҷои ҷавоб, хуштак мекашад. Се нафари дигар ҳозир мешаванду Мирзошарифро луч мекунанд. Ҳамаи пулҳои дар кисаҳояш

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё