Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
маҳкам кардашударо мегиранд. Фақат як миқдор пул дар зери патаки мӯзааш боқӣ мемонадӯ бас. Ӯ меҳмонхонаро меёбад, воқеаро мегӯяд, таваллою зорӣ мекунад, ки ба вай ҳар кадом як миқдор қарз диҳанд, ки баъди ҳаҷ бо фоидааш медиҳад. Вале дили ягон касе аз бандагони ҳаҷрави худованд ба ҳоли вай намесӯзад. «Ҳамроҳони сафарам агар шумо бошед, нарафтам» — гӯён Мирзошариф ҳам доманро меафшонаду ба поезд билет гирифта, бармегардад. Пичинггӯйҳои шаҳрамон, ки Мирзошарифро намеписанданд, дар ғоибанаш ӯро масхара карда, «эшони ҳоҷӣ» гуфта мегаштанд.
Дар ҳамин ҷо, хонандаи азиз, суханро ба як чанд дақиқа гирифта, ба шумо ҳикояе андар ҳикоя мегӯям.
Ман онро аз Мирзоямон Турсунзода шунидаам. Мирзошариф Раҷабов-ку ба ҳар ҳол то Одесса рафта, номи ҳоҷии сохтаро гирифта буд, ҳоҷии қаротоғӣ аз манзили худ ягон фарсанг ҳам дур нарафта, ҳоҷӣ шудааст.
Ҳоҷӣ Насим ном марде буд баҳлулмиҷоз, ки дар маъракаҳо мардумро бо ҳикоя ва латифаҳои нав ба наваш механдонд. Боре ӯ мешунавад, ки аз Қаротоғ чанд нафар ба нияти ҳаҷравии тайёрӣ мебинанд. Ҳоҷии мо ҳам ҷиддӣ ба ҳама эълон мекунад, ки ба ҳаҷ меравад. Ӯ қарзу қабола карда, хару хӯрчин мехарад ва ҳамчун ҳаман ҳоҷиёни оянда зоду роҳила муҳайё мекунад, ҳатто онҳое ҳам ки ба суханҳои рости вай бовар намекарданд, аз ҷиддияти ташвиш ва такопӯяш гумон мекунанд, ки ин азми ӯ қатъият ва байни худ барои вай пул мепурдоранд...
Рӯзи тантанаи ҳаҷравии қаротоғиён мерасад. Ҳоҷии мо ба хари худ ба ҷои ҷул зину рикоб ва ба ҷои нӯхта лаҷом зада, сару либоси сафарӣ пӯшида, ба ҳаҷравон ҳамроҳ мешавад. Ҳатто оби дида карда, аз мардуми ҷамъомада махсус фотиҳои сафарро мегирад. Ба китфи ӯ ҳам ба нияти сафед шудани роҳ орд мепошанду меравад. Аммо пас аз гузаштани ягон ду-се соат, ҳангоми фурӯравии офтоб аҳли деҳа мебинанд, ки як ҳаракӣ аз тепа фаромада истодааст. Синча карда мешиносанд, ки Насим мебошад. Ҳамаи хурду калон тозон ба истиқболи вай мебароянд. Насим аз ҳар фаромада, ба ҳама сари таъзим ҳам мекунад.
— Мақсад аз ҳаҷравӣ, ба гирди ягон мазор се бор
гирд гашта омадан-мӣ?— мепурсад ӯ.— Ҳамин тавр бошад, ман ҳам аз гирди ҳо он мазор ҳатто аз ҳарам на-
139

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё