Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

фаромада се бор чарх задам, ки аз гуфти ҳоҷиҳо нӯ-машро тавоф мегӯянд. Ана ҳамин тавр, акнун аз ҳамин рӯз иборат, эй халоиқ, допеду огоҳ бошед, ки ман ҳоҷӣ ҳастам ва ба номам ҳоҷиро ҳамроҳ накунед, гунаҳкори азим мешавад...

Ҳамин тавр, на риштаю на тофта, аз баҳри худо ёф-та ба номи Насим ҳоҷӣ ҳамроҳ мешавад.

Идомаи суханро боз ба Муҳаммадризо медиҳем.

— Баъди бозгашти сафар, ин воллоҳу аълам, соли ё ҳафтӯм ё ҳаштӯм буд, — Муҳаммадризо сонияе лаб фу-рӯ баста ба хаёл афтод, — аз рӯи машварати ошноён Мирзошариф ба мактаби семоҳаи забондонии русӣ да-ромад. Мактаб шабона буду дар пеши мактаби русии маҳаллии шаҳр бо эҳтимоми Андреев гуфтаи олим ку-шода шуда буд ва худи вай ба он дарс ҳам медод. Ан-дреев ба дӯкони мо ҳам омада мерафт. Ба мактабаш маро ҳам даъват карда, ҳатто ваъда дод, ки бепул хононад. Дилам кашол буду рости гап, андеша кардам. Бе ҳамин ҳам бетамизони растаҳо ба газетахонии ман айб монда мегарданд.

— Айбҷӯ — беҳудагӯй гуфтаанд, рост будааст. Айб наҷӯяду бад нагӯяд, хобаш намебарад, — гап ҳамроҳ кард падарам.

— Неши ақраб на аз раҳи кин аст,
Муқтазои табиаташ ин аст, —

гуфт Муҳаммадризо ба тасдиқи суханони падарам сар ҷунбонда. — Хонда, навишта метавонистагӣ шуд. Одами зеҳнаш тоза. Тоҳирхон бои хуҷандиамонро медонед-а, ҳамсоя? Ин ҳамон Тоҳирҷони ғалай, ки як вақтҳо ба Тошканд рафта мондааст. Корчаллон. Гумоштаҳояш пах-таи ҷойҳои бисьёру ангишти кони Сулуктаро харида, ба вагонҳо мезаданд. Ана ҳамон Тоҳирҷон аз мактаб-тамомкунии Мирзошариф огоҳ шуда, ӯро гумошта кар-да, ба Андиҷон мефиристад. Кори вай ангиштҳои ба Андиҷон омадаро аз вагонҳо фароваронда ба бойҳои ангиштфурӯш фурӯхта, пул рӯёндан ва ба банк гуза-рондан буд. Ҳар рӯз сӣ-чил вагон ангишт гирифта, тақ-сим мекард. Ман як бор меҳмони вай шуда будам. Дар Чорсӯи Андиҷон дар як сарой хуҷраи калонаш буд. Столу стул мондагӣ. Дар кати симӣ мехобид, маиша-таш ҳам беҷо не. Аммо як чизи хуҷрааш ба ман маъқул нашуд. Ин телефон. Ин хуҷра ҳам хонаву ҳам контораи

пешина
аз 447
навбатӣ