Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
Мирзошариф буд. Беором гоҳ аз роҳи оҳан, гоҳ аз банк ва гоҳ аз Тошканд ҷеғ мезананду ҷарангос кардагиаш кардагӣ. Зани Мирзошариф духтари Насруллобои баззоз аст. Эҳтимол донед, вай аз Москва вагон-вагон чит мегирифту ба баззозон мефурӯхт.
— Охир, Мулло Насруллотон ҳамон кас нест, ки баъди балвою ғалаёни шаҳр дар вақти ба Хуҷанд омадани губернатор Курапаткин бо амалдопону бойҳо як шуда, пул ғундошта, табаку ҷоми тиллоии махсус созонда, ба табақ меваю ба ҷом гулоб андохта, ба губернотор манзур карда буд? — пурсид падарам.
— Худи ҳамон, ҳамсоя. Мирзошариф дар Андиҷон бо Назаров гуфтагӣ рус маро шиносонд. — Муҳаммадризо ҷон навбати худро хӯрда, барои ман пиёлаи дуввумро мерехт, ки зуд пардози кафшро монда, рафта гирифтам.
Ӯ табақчаи конфетро дароз кард. Нагирифтам. Ба ҷону ҳолам намонда ду дона конфети турушаки макиданбобро, ки ҳамон вақтҳо, онро ба хаёлам, танҳо дар хонаи Муҳаммадризо ёфтан мумкин буд, ба дастам газонд. Ба писарони вай ҳавасам меомад, ки ҳар қадар дилашон бардорад, аз чунин ширинии аҷоибе муддаои табъ хӯрда метавонанд. — Назаров дар мактаби русии маҳаллии Андиҷон, ки писари Мирзошариф — Мирзошариф мехонд, дарс медодааст. Забони туркиро вай аз узбакон хубтар медонист ва ба гимназия ба русҳо туркӣ дарс медод. Ӯ маро ба гимназия бурд. Ба сару либоси хонандагон, озодагии мактаб, муомилаи хуши муаллим ва одоби бачагон ҳавасатон меомад. На дар дарсгоҳ ва на дар беруни вай ягон бача бо овози баланд гап намезанад.
Муҳаммадризо аз ҷой бархост.
— Агар иҷозат диҳед, ҳамсоя, берун салқин бошад ҳам, дари дӯконро як нафас кушода монам, ки ҳаво тоза шавад.
— Бемалол, мулло. Чӣ қадар хоҳед, ҳамон қадар кушода монед, — падар мад кашид, — Мирзошариф аз Андиҷон баъди ҳуррият кӯчида омадагист-дия!
— Ҳа. Хариду фурӯши пахтаю ангиштро аз дасти Тоҳирҷонбой кашида гирифтанду гуфтанд, ки тӯякатонро шиликконед, вай тахтаю тиракашро ғундошт. Ба гумоштаю хизматгоронаш ҷавоб дод. Мирзошариф ба Хуҷанд омад. Он вақт шӯъбаи милисия одами босаводи донандаи ҳар ду забонро мекофт, ки ба мактаби худаш фиристад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё