Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Ӯро чеғ зада оварда мегӯянд, ки ду моҳ мехонию сардори шӯъба мешавӣ. Барои маслиҳат вай ба пеши ман омад.
— Аз ман, бародар, сардори милиция мебарояд ё не?— пурсид вай.
— Чӣ, шуморо магар сардори шӯъбаи милиция таъин мекунанд?— пурсид Абдуллои шонатарош, ки дар рӯ ба рӯи дӯкони ман гап дода меништ.— Аз шумо сардори милиция мебарояд, мирзо, ба шарте ки монанди калоншавандаҳои ҳозира шумо ҳам ҳамаи шонатарошон як шуда, артель ташкил кунед гуфта, ба ҷонам нарасопед,— гуфт вай.— Дар тамоми шаҳри Хуҷанд мо се нафар шонатарошу чӣ хел артель ташкил мекунем?
Се нафар коргару даҳ нафар муфтхӯр, раису муовин, ҳисобчӣ, хазиначӣ, боз балою бадтарҳои дигар шуда, бозъёфти моро мехӯранду мо дастаи соябопро қапида мемонем-мӣ? Як чигари артель Комилбоев дӯзандаҳоро артель карду ба бало монд. Акнун ҳама баковули оши тайёр: ширеш ёфта деҳ, локу зоғ ёфта деҳ гуфта, аз пагоҳ то бегоҳ гӯшҳояшро ба қомат мебиёранд. Аз артелаш сад пушаймон бошад ҳам, дар кӯчаи мардӣ худро нагиронида, боз якто-нимто дӯзандаи берун мондагиро ба кӯшоқӣ мо биё гуфта ташвиқот мекунад. Ҳой мусулмон, худат халос шуда наметавонию ба гулӯи дигарон чаро ҳалқадаванак мепартой!
Мирзошариф рӯдакан шуда хандиду гуфт:
— Агар ман сардори шӯъбаи милицияи, масалан, ҳамин Панҷшанбеи худамон шавам, мурдам гуфтан гир.
Хатти разряди аз ҳама баландашро мегиронаму ҳар сол ба гарданат он қадар налог бор мекунонам, ки Рӯмони шарифатро фурӯшӣ ҳам, халос намешавӣ.
— Эй аз даҳонат бод барад! — шонатарош даст шоф намуд.— Инту бошад, дуо мекунам, ки фарроши милицияхона ҳам нашавӣ. Набудани чунин каси мӯътабари худобехабар ҳазор бор беҳтар.
— Лекин дуои шонатарош иҷобат нашуд,— қоҳ-қоҳ хандид Муҳаммадризо ва ду рӯи пурраи сурху сафеди вай ба назар пурратар шуд.— Магар ҳамон рӯз фариштаҳои роҳгузар омин кардаанд, ки Мирзошариф баъди ду моҳи хатми мактабаш сардори шӯъбаи милицияи шаҳри кӯҳна таъин шуда омад...
Қариб тамоми тонготари ҳамон шаби мо ба хислату фазилатҳои наҷиби Мирзошариф Раҷабов бахшида шуда

пешина
аз 447
навбатӣ