Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

Дониш ва муҳокимаҳои аввалине, ки аз онҳо муҳокимаи нав мебарояд, муқаддима номида мешавад ва муҳокимаи наве ки аз муқаддимаҳо бароварда мешавад, онро хулоса меноманд.

Масалан:

  1. Ҳамаи адабиётшиносон бо асарҳои классикӣ шинос мебошанд.
  2. Студентони мо адабиётшинос мебошанд.
    ПАС, студентони мо бо асарҳои классикӣ шиносанд.

Дар ин хулосабарорӣ муҳокимаҳои: «Ҳамаи адабиётшиносон бо асарҳои классикӣ шинос мебошанд» ва «Студентони мо адабиётшиносанд», муқаддима буда, муҳокимаи «Студентони мо бо асарҳои классикӣ шиносанд» хулосаи он аст.

Хулосабарорӣ аз ҷиҳати хелҳо ба се тақсим мешавад:

  1. Хулосабарории дедуктивӣ;
  2. Хулосабарории индуктивӣ;
  3. Хулосабарории традуктивӣ.

Дар хулосабарории дедуктивӣ аз дониш, фикр, муҳокимаҳои нисбатан умумие, ки он чун муқаддима ба кор бурда мешавад, ба хулосаи дараҷаи нисбатан ҷузъӣ мегузарем.

Масалан, хулосабарории дедуктивии зеринро мебинем:

  1. Ҳамаи таърихшиносони советӣ марксист мебошанд.
  2. Ин шахс — таърихшиноси советӣ аст.
    ПАС, ин шахс — марксист мебошад.

Дар ин ҷо хулоса аз дониши дараҷаи муайяни умумӣ (яъне, ҳамаи таърихшиносони советӣ) ба дониши нави ҷузъӣ (ин шахс) мегузарад.

Дар хулосабарории индуктивӣ аз муҳокима ва фикрҳои ҷузъӣ хулосаи умумӣ бароварда мешавад.

Масалан:
Колхози ба номи В. И. Ленин — колхози пахтакор аст.
Колхози ба номи «Роҳи нав» — колхози пахтакор аст.
Колхози ба номи Шаталов — колхози пахтакор аст.
Колхози ба номи «Ленинград» — колхози пахтакор аст.
Колхози ба номи «Москва» — колхози пахтакор аст.
Колхозҳои ба номи В. И. Ленин, «Роҳи нав», ба номи Шаталов, «Ленинград», «Москва» ҳамаи колхозҳои ноҳияи моро ташкил медиҳанд.
ПАС, ҳамаи колхозҳои ноҳияи мо пахтакор мебошанд.

Чунон ки мебинем, дар ин ҷо (хулоса) аз донишҳои нисбатан ҷузъӣ (яъне аз донишҳои дар бораи колхозҳои алоҳида) ба дониши нави хулосавии нисбатан умумӣ (яъне, ба дониш оид ба ҳамаи колхозҳои ноҳияи мо) гузаштем.

Дар хулосабарории традуктивӣ аз ҷиҳати ҳаҷм муқаддимаҳо ва хулоса бо ҳам баробар мешаванд.

пешина
аз 192
навбатӣ