Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
БОБИ VI
ХУЛОСАБАРОРИ
§ 1. ХУЛОСАБАРОРИИ БЕВОСИТА
ТАЪРИФИ ХУЛОСАБАРОРИ
Фақат як қисми хурдтарини донишҳо бо ёрии органҳои ҳиссиёт пайдо карда мешаванд ва исбот талаб намекунанд. Масалан, чунин донишҳои мо: «Имрӯз ҳаво офтоб аст», «Ин гули сурх хушбӯй мебошад», «Ин калима ин тавр навишта шудааст» ва ғайраҳо исботро талаб намекунанд. Ҳақ будани ин донишҳо бо органҳои ҳиссиёт тасдиқ карда мешаванд. Шахсе, ки ба хушбӯй будани ин гул боварӣ пайдо накунад, мо мегӯем, ки «бубин, бӯй каш» ва он шахс бӯй кашида истода ба ҳақ будани ин гуфтор боварӣ пайдо мекунад. Ин гуна донишро дониши бевосита меноманд. Дониши бевосита чунин донишест, ки он бо ёрии органҳои ҳиссиёт пайдо карда мешавад ва дар бораи ҳақ будани худ исбот талаб намекунад. Аммо чунин донишҳоро мегирем: «Забон воситаи алоқаи одамон дар ҷамъият мебошад», «Барои тараққиёти ҷамъият автоматикунонии истеҳсолот аҳамияти бузурги революсионӣ дорад», «Тоҷикон халқҳои қадимтарини ҷаҳон мебошанд». Ин гуна донишҳоро бевосита бо ёрии органҳои ҳиссиёт пайдо кардан мумкин нест ва ҳақ будани ин гуна донишҳоро бо ёрии органҳои ҳиссиёт ҳам исбот карда намешавад. Ин тавр донишҳо маҳсули чандин хулосабарориҳост.
Хулосабарорӣ чунин шакли тафаккурест, ки дар вай аз як ё якчанд муҳокимаҳо ҳамчун хулоса муҳокимаи нав бароварда аз чизи маълум ба чизи номаълум мегузарем.
Дар хулосабарорӣ бо ёрии ақл аз баъзе муҳокимаҳои маълум муҳокимаи нав бароварда мешавад.
Бинобар ин ҳар як хулосабарорӣ аз ду қисми таркибии иборат мешавад:
-
Дониш ва муҳокимаҳои маълуме, ки аз онҳо муҳокимаи нав бароварда мешавад.
-
Муҳокимаи наве, ки аз он муҳокима ва донишҳои маълум бароварда мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё