Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

Масалан:
Шаҳри Москва аз шаҳри Ленинград калонтар аст.
Шаҳри Ленинград аз шаҳри Киев калонтар аст.

ПАС, шаҳри Москва аз шаҳри Киев калонтар аст.

Чӣ навъе ки мебинем, дар ин ҷо хулоса аз дониши ҳаҷмаш муайян (яъне шаҳри Москва аз шаҳри Ленинград калонтар аст) ба дониши хулосавии ҳаҷмаш ба он баробар (яъне ш. Москва аз ш. Киев калонтар аст) мегузарад.

Аз ҷиҳати миқдори муқаддимаҳо хулосабарорӣ ба ду навъ тақсим мешавад: 1) хулосабарории бевосита ва 2) хулосабарории бавосита.

Дар хулосабарории бевосита фақат аз як муқаддима дониши нави хулосавӣ бароварда мешавад. Чунончӣ, «ҳамаи ҳуқуқшиносон қонунҳои давлатиро нағз медонанд, пас, ҳеҷ як шахсе ки қонунҳои давлатиро нағз намедонад, ҳуқуқшинос намебошад». Ин хулосабарории бевосита аст, зеро дар ин ҷо танҳо аз як муқаддима хулоса бароварда шуд.

Дар хулосабарории бавосита аз якчанд (яъне аз ду ё аз ин зиёд) муқаддимаҳо хулоса бароварда мешавад. Мисол барои хулосабарории бавосита:

«Ҳамаи ҳуқуқшиносон қонунҳои давлатиро нағз медонанд».
«Қаҳрамонов — ҳуқуқшинос мебошад».

ПАС, Қаҳрамонов қонунҳои давлатиро нағз медонад.

Бо ёрии хулосабарорӣ ҳамеша ҳамчун хулоса дониши нав пайдо карда мешавад. Дар навъҳои гуногуни хулосабарорӣ, дониши хулосавии нав ҳам гуногун мешавад. Чунончӣ, дар хулосабарориҳои дедуктивӣ дониши нави хулосавӣ аз он иборат аст, ки дар ин ҷо предметҳои нишонаи умумидошта, ки он бо муқаддимаҳо ифода ёфтааст, дар хулоса ба предметҳо, ки дорои нишони ҷузъӣ ё нишонҳои фардӣ мебошанд, мегузаранд.

Дар хулосабарории индуктивӣ бошад, дониши нави хулосавӣ аз он иборат аст, ки дар ин ҷо предметҳои дорои нишонҳои фардӣ ё ҷузъӣ, ки бо муқаддимаҳо ифода ёфтаанд, дар хулоса ба предметҳое мегузаранд, ки онҳо дорои нишонҳои умумӣ мебошанд. Дар хулосабарории традуктивӣ дониши нави хулосавӣ аз он иборат аст, ки дар ин ҷо предметҳо бо ёрии муқаддимаҳо ифодаёфта, дар хулоса нишонҳои нав пайдо мекунанд.

Азбаски ба воситаи хулосабарӣ дониши наве пайдо мешавад, ин амали мантиқӣ барои дониста гирифтани олами моддӣ ва тадқиқоти илмӣ аҳамияти бузург дорад.

Тамоми донишҳои илмӣ-назариявӣ дар натиҷаи хулосабарӣ ба вуҷуд меоянд. Донишҳои илмӣ — системаи ба тарзи муайян алоқамандгардидаи донишҳои хулосавӣ мебошанд.

Аммо бояд қайд намуд, ки ҳар як хулосабарӣ дониши ҳақ намедиҳад. Барои аз хулосабарӣ дониши хулосавии ҳақ

пешина
аз 192
навбатӣ