Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
Ин калимаю ибора ва ҷумлаҳои ӯ ҳам бо назари танқид бино кардан зарур аст.
Ин аст, ки дар сохтани калимаҳои сеҷӯзъаву чорҷӯзъа эҳтиёти махсус шарт аст. Ба осонии сохтани ҷумлаи калимаҳо бояд фирефта нашавем. На ҳар коре, ки осон аст, натиҷаи дилхоҳ медиҳад. Чунин калимаҳо дар забон ҳар чӣ камтар бошанд, хубтар аст. Дар бисёр мавридҳо маъниро бо ибора ифода кардан беҳтар аз он аст, ки калимаи сеҷӯзъаву чорҷӯзъа созем. Ба назари мо дарс тайёр кардан аз дарстайёркунӣ, кор пеш бурдан аз корпешбарӣ, кор карда баромадан аз коркардабароӣ, чой хӯрда нишастан аз чойхӯрданишинӣ, шаҳр рафта омадан аз шаҳррафтаоӣ беҳтар аст.
Аммо дар мавриди зиддиятнишондиҳӣ, муқобилатнишондиҳӣ, ташаббуснишондиҳӣ барин калимаҳо масъала ба ранги дигар мегирад. Ташаббуснишондиҳӣ ҳамон ташаббускорӣ мебошад, ки дар боло ишорат шуд. Молики дар забон калимаи зебову рехтаи ташаббускорӣ ҳаст, барои ифодаи худи ҳамин маънӣ ба сохтани ташаббуснишондиҳӣ ё ташаббуссаркунӣ барин калимаҳои назнин ва безеб эҳтиёҷе намемонад.
Тамоман безарурат сохта шудани зиддиятнишондиҳӣ ин муқобилатнишондиҳӣ аз ин ҷумлаҳо маълум мегардад:
«Зиддиятнишондиҳии вай хусусияти дигар дорад».
Қач ҷойи шубҳа нест, ки ин маъниро бо худи калимаи «зиддият» ифода кардан даркор буд: «Зиддияти вай хусусияти дигар дорад». Яъне муаллиф ба ҷойи як калимаи сохтан кӯтоҳу рехта (зиддият) як калимаи дарози чандқабата (зиддиятнишондиҳӣ) овардааст.
«Бо муқобилатнишондиҳӣ таслим шав!» Дар ин ҷо айм калимаи чандҷӯзъа сохтан ҳеҷ лозим набуд, зеро оуан муқобилат матлабров пурра ифода мекунад: «Бе муқобилат таслим шав!»
Инро ҳам ба назар гирифтан даркор, ки ҷумлаи охир фармони ҳарбист. Фармони ҳарбӣ бояд қатъӣ бошад.
Калимаи дарози муқобилатнишондиҳӣ қатъиятро аз Али мебарад. Ин ҳам мавридношиносии гӯяндаро нишни медиҳад.
Аз ин ҷо ки ҳоло калимаи мавридношиносӣ ба қадом омад ва ин ҳам аз чор ҷузъ иборат аст (маврид-ношиносӣ), бояд равшан шуда бошад, ки камина умуман
пурбоби калимаҳои сеҷузъаву чорҷӯзъа нестам. Аз
калимаҳои серҷузъ худдорӣ кардан ё ба муқобили онҳо
119

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё