Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

ба ҳоли забон! Ин навъҳо забонро фақат ба сӯйи дуруштӣ ва номавзунӣ мебаранд.

Ш. Рустамов ин ҷумлаи устод Айниро мисол овардааст:
«У шабе бо ман базм рафта, дар бозгашти он базм базмковӣ, базмёбӣ ва базмтамошокунии моро дар қитъае тасвир карда буд».

Муҳаққиқ дар бораи калимаи севум чунин ақида
изҳор кардааст: «Дар ин мавриди аз шакли базмтамошокунӣ дида беҳтар ва мувофиқтар калима ё иборае ёфтан мумкин нест».1

Мо ба ин ақида шарик шуда наметавонем. Ба назари мо, устоде монанди Айнӣ ин маъниро ба шакли дигаре, ба шакли сабуктару равонтаре метавонист ифода кунад. Пайи ҳам омадани се калимаи мураккабе, ки асоси феъл дорад, — базмковӣ, базмёбӣ, базмтамошокунӣ низ, ба фикри мо, ҳусни ҷумларо костааст.

Ҷумлаи мазкур аз «Ёддоштҳо» — аз охирин асари устод гирифта шудааст. Дар нахустин асарҳои устод, дар асарҳое, ки ӯ солҳои бист то нимаи солҳои сӣ навишта буд, чунин калимасозиҳо қариб дида намешавад.
ПАС дар асарҳои охир — «Марги судхӯр» ва «Ёддоштҳо» ба чунин шаклҳои калимасозӣ бештар майл кардани ӯ на аз он сабаб аст, ки бе онҳо баёни матлаб имкон надорад ё онҳо шакли дилҷӯе мебошанд, балки аз он сабаб аст, ки ӯ дар охирҳои умр истифодаи баъзе шаклҳои ноҷамворро низ яке аз нишонаҳои халқӣ шудани забон медонист. Зотан ин ақидаи устод дуруст буд ва барои амиқрафти халқияти забону адабиёти тоҷикӣ ва устувор шудани пояҳои реалистии тасвир роли калон бозид. Лекин хусусан дар охирин навиштаҳои ӯ гоҳ дар ин роҳ риоя нашудани ҳадду андоза ба назар мерасад.
Агарчи устод Айнӣ муборизи собитқадами зидди одигуйии маҳз буд, дар баъзе мавридҳо (на ҳамеша, балки гоҳ-гоҳе) аз пайи хостҳои дастгоҳи идеологияи болшевикӣ рафта ва ба фаҳмиши нодурусти назарияи «халқияти забон» пайравӣ карда, дуруштиву нотарошидагиро падидае аз ҳусни сухани омиёна пиндоштааст ва ба забони адабӣ дохил шудани онро маҳдуд кардан нахостааст.
Имрӯз ҳам бояд аз ёд набарорем ва агарчи забони устод Айнӣ имрӯз олитарин намунаи забони миллии мост, гоҳ

1 Рустамов Ш. Забон ва замон, 1981, саҳ. 115.

пешина
аз 393
навбатӣ