Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

баромадан баробари он аст, ки дар роҳи нигоҳ доштани инкишофи забон кӯшиш кунем. Калимаҳои мураккаби серҷузъ дар забони мо бисёранд ва онҳоро яке аз дороиҳои асосии забон бояд донист. Инкишофи калимасозӣ, пайдоиши калимаҳои мураккаби серҷузъ ва афзоиши доимии адади онҳо як нишонаи тараққии олии забон буда, ба он тавоной бахшидааст. Ин дороиву ин тавоноиро аз худ ва афзун кардан аз муҳимтарин вазифаҳои қаламкашон аст.

Барои ин аввало қонунҳои калимасозӣ ва қолибҳои асосии онро муайян кардану аз худ намудан лозим меояд. Забоншиносони мо дар ин роҳ тадқиқоти муфиди бисёре анҷом дода истодаанд. Афсӯс ки мо, аҳли амал, аксаран аз ин тадқиқот чашм мепӯшем ва натиҷаи онҳоро дар амалиёти худ истифода намекунем. Аз ҳад зиёд шакли илмӣ доштани тадқиқоти олимони забоншинос ва эҳтиёҷоти аҳли амалро кам ба назар гирифтани онҳо яке аз монеаҳои ҷиддӣ дар роҳи истифодаи амалии дастовардҳои илмист.

Омӯхтани қонунҳову қолибҳои калимасозӣ чӣ аз тарафи аҳли илм ва чӣ аз ҷониби аҳли амал як камбудӣ дорад. Мо қолибҳоро бештар ба эътибори шакли зоҳирии онҳо меомӯзем ва ба робитаву муносибати мантиқии ҷузъҳо кам эътибор медиҳем. Ҳар калимаи наверо, ки зоҳиран ба як қолиби калимасозӣ мувофиқ меояд, қабул мекунем, вале парвое надорем, ки ҷузъҳои он ба якдигар чӣ муносибати мантиқӣ доранд ва шояд ин муносибат дар ниҳояти бемантиқӣ воқеъ шуда бошад. Дар натиҷа бехабар мемонем, ки дар тадқиқкунӣ, истифодабарӣ, ташаккулёбӣ, муқобилатнишондиҳӣ ва монанди инҳо, ки ҳама ба эътибори зоҳир ба қолибҳои мавҷуда рехта шудаанд, аслан мантиқе нест ё дар мантиқ зиддияте ҳаст ва ё ҳусни ботинӣ халал дидааст ва ҳоказо.

Ҳамин зоҳирписандӣ, ҳамин эътибор надодан ба робитаи мантиқии ҷузъҳои калимаи мураккаб, ба назар нагирифтани ҳусни калима фарҳанги суханро паст бурда истодааст. Гапи бемаънӣ эътибор надорад. Ҳар калимаи мураккабе, ки мантиқи ҷузъҳои он мустаҳкам нест, эътибори суханро кам мекунад ва суханро аз ҳусни табиъӣ маҳрум месозад.

Ин аст, ки мо зидди сохтани калимаҳои нави серҷузъ нестем. Фақат мехоҳем, ки ҳангоми сохтани калимаҳои нав мантиқи робитаи ҷузъҳо сахт риоя шавад,

пешина
аз 393
навбатӣ