Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

гарм ба гунаҳои кабудшудаам шашқатор рехт. Сар бардоштам. Болои сарам чеҳраи шиносе ба ман имои хестан мекард. Ба танаи нимтаам ишорат кардам. Лаҳзае ба фикр фурӯ рафт ва бо исрор талаб кард, ки аз ҷой бархезам. Дар нимароҳ ба кисаам як саддолларӣ шараққосиро зер карду бо имо ҷодаи равшанеро нишон дод, ки ҳамон сӯ биравам...

Садои так-таки дарро шунида, аз ҷой якқад паридам. Зуд натавонистам ба пой рост шавам. Пойҳоям «хоб рафтаанд». Ҳамин ки дарро кушодам, соҳибхона зада даромад. Ранг аз рӯям парид.

– Ассалому алайкум, холаҷон.

– Саломи дарду бало! Барои чӣ аз ман гурехта мегардӣ?

– Нафаҳмидам, чӣ хел аз шумо мегурехтаам? – дар ҷавоб ман ҳам савол додам, ҳарчанд ки маънои пурсишаш бароям бармало буд.

– Худата гӯлу гумроҳ нагир. Медонӣ, ки аз рӯзи муқаррарӣ чанд рӯз гузаштааст.

– Надониста чӣ? Медонам, аммо...

– Чӣ аммо? Кош, танҳо аз иҷорапулӣ қарздор бошӣ. Пули партови солона ба гардани ман афтод, пули обро ман барои ҳардуямон пардохтам!

– Худатон медонед, ки ҳозир моҳи январ аст. Одатан ҳар сари сол андаке дертар маош медиҳанд... Холаҷон, сабр кунед, иҷорапулии думоҳаро якбора мегиред. Хуб намешавад, ки якбора пули зиёдтар гиред?..

– Хуб, гуфтаи ту шавад. Аммо аз барқ бебаҳраат мекунам. Ку, бинам-чӣ, дар хонаи хунуку торик чӣ хел шабҳоро рӯз мекунӣ!

Кампир носазогӯён мурғовор лаппида-лаппида ҷониби хонааш рафт ва баъди дақиқае ба ваъдааш вафо кард: хоначаам ба торикистон табдил ёфт... Кош, барвақттар аз болин сар мебардоштаму чой меҷӯшондам. Акнун маҷбурам, ки бо шиками гурусна ба коргоҳ шитобам.

пешина
аз 208
навбатӣ