Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Ба дафтари корӣ даромадаму ба соати деворӣ нигаристам. Соат 7-и расо. Ҳанӯз барвақт аст. Ҳамкоронам, ки хонаи гарму бистари нарм доранд, ба мисли ман дар каллаи саҳар ба коргоҳ ҳозир намешаванд. Ба чойҷӯш об рехтаму ба барқ васл кардам. Кашаки мизи бесоҳиберо, ки гоҳо ба ҷойи мизи хӯрокхӯрӣ истифода мебарем, аз назар гузаронидам. Порае қанди сафеду бурдаи нони нимгаз ёфтам. Хайрият, ки холаи фаррош пешдастӣ карда, барои гӯсфандаш набурдааст. Шукргӯён як лабашро ба даҳон андохтам.

То ҷӯшидани об саҳифаи навгониҳои Фейсбукро аз назар гузаронидан хостам. Компютерро рӯшан кардам. Инак, матлабе дар атрофи ҷавонмардии инсонҳост. Як дӯсти қаламкашам дар фазои маҷозӣ, ки муқими Канада аст, зери сурати марди талбандае навиштааст: «Устураи Ҳолливуд рӯзи панҷшанбеи гузашта дар саҳифаи фейсбукиаш нигошт: «Ман дар Ню-Йорк «бомж шудам». Касе маро намешинохт. Ман худро воқеан шахси бехонаву дар эҳсос кардам. Мардум аз пешам мегузаштанд ва бо нафрат дида медӯхтанд. Танҳо бонуе бароям меҳрубониро раво дониста, хӯрдание дод. Ман ҳиммати ин занро ҳаргиз фаромӯш нахоҳам кард. Бояд мо ҳамвора сӯйи якдигар даст дароз кунем, вале набояд ҳамеша дастҳо ҷониби дигарон барои чизе гирифтан дароз бишаванд. Байни бехонумонҳо одамони содаву пок зинданд. Ҳамин содагии аз меъёр зиёду дили кӯдаквор покашон боис шудааст, ки бархе дасти тиҳӣ мондаанд. Баъди он ки зани накукор ба мани «бесарпаноҳ» ғизое дод, худро пеши ин бечорагон вомдор ҳисоб мекунам. Чунин мешуморам, ки он рӯз ман ризқи ҳалоли бехонумонеро ноҳақ хӯрдаам. Ноҷавонмардӣ намешавад, агар қарзро барнагардонам? Ба ғайр аз ин, ҳар яке мо ба дӯш воми инсонии хешро ҳам дорем. Хуллас, ман сӯяшон дасти ёрӣ дароз мекунам, барояшон таъом медиҳам, гоҳе ҳам ба ҳар яке онҳо саддолларӣ тақсим мекунам. Онҳо хурсанд мешаванд. Дар ивази як некии ночиз ба чашмонам бо меҳр менигаранд, ашк андар дидагонашон ҳалқа мезанад, арзи сипос мекунанд.

пешина
аз 208
навбатӣ