Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

баногӯшашро ба ҳисоб нагирем, аз бачаи сездаҳ-чаҳордаҳсола фарқе намекард, чун балое ба сарам омад. Ба шапкаи сурхзеҳи сараш менигаристаму аз дил мегузаронидам: «як нахӯд каллаву сад ман дастор», гарчи метавонистам ӯро «занбӯруғ» лақаб диҳам, ки ба қаду басту сару пояш басе зебанда буд. Занбӯруғ пас аз борони гарму нарми найсон мебарояд. Ҳоло фасли дай ҳукмрон буду барфи регак меборид. Ба ҷуз ҷодаҳои намакпошида ҳама ҷо яхистону аҳбандон, ҳатто, қалбҳои инсонҳо...

Ман лаҳзаи тасаввур кардам, ки баҳорон асту ҳамроҳи бобои гармнигоҳу оқилу фозилам аз таги хазонҳои пӯсидаи богистони беҳудуди зодгоҳам занбӯруғ мечинем. Бобоям бо асои дасташон баргу хошокҳои намро тагурӯ мекунанд ва ба ман мефаҳмонанд, ки инаш қандкӯзии хӯрданбоб асту инаш заҳрогин. Ва ман ба сабадҷаи дастам дона-дона аз он неъмати худодод меандозам. Бобоям табассум мекунанд, ман лабханд мезанам...

«Сад ман дастор»-и барошуфта сахт аз гиребони ман мекашиду ҳамзамон таҳқирам мекард:

  • Худозада, барои чӣ лаб дар бехи баногӯш механдӣ? О, ту соҳиб дорӣ, девонаи беҳуш?! Ҳаракати роҳа халалдор мекунӣ, дафъ шаве!!! - ӯ маро бозпас тарафи Маркази савдо мекашид. Гуфтан мехостам, ки маро ин тараф не, он тараф парто, аммо наметавонистам. Яқинан, фикре аз таҳтушшуурам чароғак мезад, ки роҳи муқобил ба иҷораманзили ман мебарад. Вале чӣ кунам, ки аз даҳонам лому мим намебаромад. Мани сармозадаро, ки аз нигоҳи худам ба кӯҳи ях табдил ёфтаам, як нозираки бачасурат ба мисли тубраи коҳ осон кашола мекард.

Барф бошиддат меборид, ҳаво тира мешуду вуҷудам карахти карахт. Аммо шишаҳои яхзадаи дидагонам ҳамчунон боз буданд. Аз ҳар ҷониб чашмони барроқи гурбаҳои дайду наззораам мекарданд. Онҳо чашмони гуруснаи «душманон»-и ман буданд...

Яке дасти нарме ба пешониам расид. Ангор, ба ҷонам гармӣ давид. Чашмони яхзадаам об кушоданд ва ашки

пешина
аз 208
навбатӣ