Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

Дар баробари барфи дурушт ба сарам борони ҳақорату сангу чӯб мерехт. Нафаре, ки шояд дар дилаш ҳанӯз заррае аз ҳисси инсонӣ боқӣ монда будааст, кафшҳои даридаамро пештарам тела дода гуфт:
— Ҷонатро ғанимат шумору аз ин ҷо бирав, ки мекушандат.

Аз ҷой бо ҳарос бархостанӣ шудам, то кафш бипӯшам, аммо пойҳоямро то зону эҳсос намекардам. Бо умеде, ки пойҳои сармохӯрдаамро масҳ карда, неруи хестан дарёбам, даст ба панҷаҳои поям бурдам. Ку?! Пойҳои ман кустанд?!!

— Зудтар кафшҳота бипӯш!
— Э вой, чӣ сон пӯшам? Ба чӣ пое пӯшам?!

Хайрхоҳи ман низ мутаваҷҷеҳ шуда буд, ки аз ду пой маҳрум ҳастам. Бинобар ин, лаҳзае сар хориду сипас даст афшонида, ба роҳи хеш рафт. Ба худ меандешидам, ки магар ягон вақт ман ба фоҷиае гирифтор шуда будам? Кай? Оё ягон вақт ман пой доштам? Ҳеҷ чиз ба ёдам намеомад. Он касифлибосон ҳанӯз даст аз азори ман намебардоштанд. Дуруст гуфтаанд, ки аз азал гадо душмани гадост. Онҳо бо ҳаёҳу ин ҷони ғарибро ба миёни ҷода мекашиданд, то аз «територия»-ашон дур андозанд. Ҳамин вақт чур-чур хуштаккашии нозири роҳ ба гӯш расид. Он ҳама кӯру кару лангу кӯзпуштон дар як лаҳза асову чигасҳоро ба ҳар сӯ андохта, чунон гурехтанд, ки!.. Худоё, ҳама дар як он солимтан гардидаанд! Ман ҳам бояд аз ин ҷо худро дур мегирифтам. Андеша мекардам, ки бо ин ҳоле ки ман дорам, аз тариқи зинаҳои роҳи зеризаминӣ ҷодаро убур кардан кори сангинест, ба ҳамин хотир рӯ-рӯйи яху барф лағзида-лағзида, роҳи асосиро миёнбур карда, худро ба тарафи дигари шоҳроҳ расонидан хостам. Барфу ях зери таъсири намаку реги омехтае, ки роҳсозон пошидаанд, ба сиёҳобаи касифе табдил ёфта буд. Мошинҳо аз гирду пешам сигналдиҳон шав-шув гузашта мерафтанд. Аз чархҳои тезгарди нақлиёт ба сару рӯям лойобаҳои сард мечарахсиданд. Ман сангпуштвор пеш мехазидам. Ногаҳон нозири роҳ, ки агар бурути то бехи

пешина
аз 208
навбатӣ