Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
Ман дар оғӯши меҳру навозишҳои бибиҷони суханпардозам калон мешудам. Ӯ одатан нознокунон бадоҳатан байтҳое ба гӯшам овеза мекард, ки ҷонам осоиш меёфт:
Ҳа дурсӣ-дурсӣ-дурсӣ,
Буро болои курсӣ.
Пушти хонамо бозор шуд,
Атаку патак арзон шуд.
Ҳандали печона бин,
Тарбузи гелона бин.
Ҳа дурсӣ-дурсӣ-дурсӣ,
Буро болои курсӣ.
Додо, бозорба меред?
Рӯмоли катак биёред!
Зандоли қандак биёред!
Ҳалвои пашмак биёред!
Ҳа дурсӣ-дурсӣ-дурсӣ,
Буро болои курсӣ.
Дурӯабахмал биёред,
Аласи ял-ял биёред.
Кафши фаранг биёред,
Тӯви таранг биёред!
Ҳа дурсӣ-дурсӣ-дурсӣ,
Буро болои курсӣ.
Тӯви таранг - урусӣ,
Рангаша се мепурсӣ?
Анори Тошкан бойин!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё