Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
– Туро ман хувар хондаам, пас, ту ҳам пайванди манӣ. Медонӣ, бисёр мехостам, ки дар баробарат Абдулаҳади туро пешвоз гирам, аз ӯ қиссаҳои хизмати ҳарбиашро шунавам, аммо омад-омади писарат дер кашид. Мо, ҷӯгиён, ҳич гоҳ чунин сафари дуру дароз надоштем. Сафарамон пир шуд. Мегӯям, агар ба Ҷомашӯй баргардем, калонҳо намеранҷидагистанд. Медонӣ-чӣ, хуварҷон, дилам мегӯяд, ки Арбобҷони ман ба зодгоҳ баргаштааст. Аҷаб нест, ки арӯси урусаке оварда бошад. Охир, писарам ба ҷӯгиён ҳич монанд нест. Чашмони сабзу пӯсти сап-сафед дорад, — табассуми зебое кард Нозук.
— Шояд ба бобову бибии тоҷикаш кашида бошад, — нахустин бор беистиҳола ба гузаштааш ишора кардам ман. Ӯ ин дафъа наранҷид. Шояд ранҷида буду пеш аз хайрбӯд вонамуд кардан нахост ва қулфро ду-се бор кушоду маҳкам кард, овози марғуладори қулф чанд лаҳза дар фазои хона танин андохт: данг-г-г-г...
Аз он рӯзгоре, ки бибиам аз воқеоти солҳои ҷанг ҳикоят мекард, чанд харбузапаз гузашт, балки даҳсолаҳо паси сар гаштанд. Намедонам, ки он қуфлу маданги нодир дар дасти кӣ бошад. Ҳар сол бо фарорасии рӯзи Ғалаба хотираҳои кӯҳан рӯ мезананд. Аз дарвоза гӯйё қомати баланду базеби тагои батамкину ҷиддиам намоён мешавад. Бибиам ба пешвози писари низомипӯшаш мешитобаду ҳамзамон бо лаҳни ширин тагоямро дӯстдорӣ мекунад:
Дутори дукон,
Шаддаи марҷон,
Пеш-пеши башкон,
Абдулаҳадҷон...
Очаву бача ҳамдигарро ба оғӯш мекашанд. Нишонҳои ҷангии пеши бари тагоям ва дастаи калидҳо андар кокулони бибиам маҳин садо мебароранд.
Оҳ, чӣ рӯзҳову чӣ рӯзгори хуше буд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё