Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

Марямбонуи Фарғонӣ

– Чӣ хел ӯ манаҳи тагоямро баста будааст? Охир, тагоям баргаштанд-ку.

– Одамони бемаънию бедарду доғ бо эҳсоси инсонҳо бозӣ мекунанд, бачам. Вай аслан дар ҷабҳа бо тагоят дучор наомада будааст. Чун шунидаст, ки аз Абдулаҳади ман чанд моҳи охир хату хабаре нест, ҳамон гапи бофтаю сохтаро гуфта, сабаби новақт аз дунё рафтани бибикалонат шуд. Ба ту дурӯғ, ба Худо рост, худи ҳамон рӯз, баъди ба хок супоридани модарам аз Абдулаҳад номаи сегӯша гирифтем. Бобоят мактуб дар даст ба хонаи Муҳаммаднабӣ рафтанд, ки дурӯғгӯйии қасофат гапи ба раҳматии модарам гуфтаашро инкор кардааст. Вай то имрӯз ба рӯйи мо нигоҳ карда наметавонад.

Ман дигар асло дари кӯчаро занҷир намекардам. Яке писарам биёяду ман дар хона набошам. Дар сандук барои шодиёнагир яктаҳу миёнбанд ва ду кило набот руст карда будаму қариб ҳар рӯз онро хабар мегирифтам. Лекин... наботи камёфт насиби пайкор нагардид. Кадом беинсофе ба хонаи беқуфлу занҷири мо даромада, он бӯхчаякро рабуда буд...

«Дуззду яктаву гумон садта» мегӯянд. Баъзеҳо аз қӯшнишинони мо - бачаҳои Нозук донистанд. Ман ба ин гумон ҳеҷ розӣ намешудам. Охир, тарбияти фарзандони ӯ дигар буд. Бо вуҷуди ин, Нозук аз бисоташ миқдоре каллақанд оварда, ба сандуқам андохт ва ана ҳамин қуфлу мадангро, ки аз хусуркалонаш меросӣ будааст, ба зулфини сандук гузаронид.

– Ту чиҳо карда истодай, Нозук? Магар ман аз ту гумонбар шудам? Мана хафа накун.

– Не, хуварҷон, ман дар бисотам ба ғайр аз ин қуфл, ки бо гуфти пирам, аз ҳафт пушт гузаштагонамон нишона будааст, дигар соли баарзише надорам. «Ин қуфл кори устоҳои Ҳиндустон аст, бобокалони ман аз сафари Кашмир дастовез оварда будааст», – мегуфт хусуркалонам.

– Пас, чаро ин қуфлро ба ман медиҳӣ? Бигзор, ба авлодат мерос монад.

пешина
аз 208
навбатӣ