Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
Севи Самарқан бойин!
Дар Сӯхи мо маҳсули дасти ҳалвогари номӣ Усто Очилдӣ шуҳрат дошт. Амаки усто марди тануманди ҷилҳунаре буд: чӯбкор, қаннод, боғбон... Усто Очилдӣ модарбузургамро «ҳамшира» мегуфт, зеро ҳар ду шири як модарро макидаанд. Модаркалон ҳалвои пашмаки бародархондаш усто Очилдиро маъқул медонист. Гоҳе ба дастам як сӯм пул дода, мегуфт: «Ба хонаамон меҳмон меояд, рав, аз хонаи усто Очилдӣ даҳ бӯса ҳалво биёр.» Бале, ӯ даҳ дона ҳалвои пашмак не, балки маҳз даҳ бӯса ҳалво биёр мегуфт. Амаки ҳалвогари дасткушод аввал аз ман ҳоли ҳамшираашро мепурсиду баъд даҳ дона не, ёздаҳ дона ҳалво медод. Вақте супоришашро иҷро мекардам, бибиҷонам аз пешонаам мебӯсид ва аз он шириниҳо, бо гуфти худаш, «як бӯса ҳалво» мукофот медод. Эҳ, ман ончунон хурсанд мешудам, ки!..
Лаззати бӯсаи модаркалонро дар ягон қанду набот, шираю шарбат надидаам. Ширинии лафзаш аз лавзинай қаннодони гулдаст болотар буд.
Модарам дӯзандаи моҳире буд, ки монандашро надидаам. Бибиам тамоми ҳунари пазандагиашро ба духтараш омӯзонида бошад ҳам, худро пеши бодаступоии фарзанди хеш ҳеч медонист. Додарам танҳо нони пухтаи модарро мехӯрд.
Аз паси меҳнати пайвастаю кордониаш аз ҳар панҷаи модари ман гӯйӣ гулу пул мерехт. Бархеҳо на аз рӯйи ҳасудӣ, балки аз ростӣ мегуфтанд, ки Анзуратпошшои саховатманд бо пул бозӣ мекунад.
Ростқавл буду росткор, гоҳе ба хотири ҳақталошӣ гапи сахт ҳам мезад, даҳони як хона занҳоро бо як сухани базарб баста метавонист. Бо ин ҳама, басе тарзабону нозукбаён ҳам буд. Масалан, намегуфт, ки субҳ медамад, агарчи ин ифода ҳам басо шоирона аст. Модарам мегуфт: «Субҳ ангора мекунад.»
Модарам гулдӯсту гулпарваре буд. Гирди суфаи ҳавлиамон аз аввали баҳор то тангии тирамоҳ сабзу хурраму гулу гулзор буд. Гулу гиёҳҳои ранг ба ранг -

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё