Зеҳн
Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

озодкунандагони худ истиқбол мекунанд. Дар ин бобат вай дар хотираҳояш чунин менависад: «Мо шаҳру деҳоти қисми ғарбии Польшаро аз гитлерчиён озод менамудем. Мардуми азиятдидаю қашшоқгашта поляк моро бо чеҳраҳои кушод, хушнудона истиқбол мекарданд. Батареяи мо ба стансияи Носель расид. Стансия харобазорро мемонд. Маълум буд, ки фашистон қабл аз ба ғарб ақиб нишастанашон пунктҳои асосиро оташ зада рафтаанд. Ин дам духтараки тахминан 18-солаи зебоандом аз хонае берун омада, ҳасратомез гуфт, ки дар ин хона генерали фашист мезист, мо, чанд нафар ҷавондухтарон «хизматгорони бадбахт» будем. Чанд соат пештар, омад-омади аскарони советиро фаҳмида гурехт. Духтарак баъд хонаеро ишора карда гуфт, ки фашистон он ҷо паноҳ бурда буданд. Артиллеристони мо он хонаро, ки ҳамагӣ 500—700 метр дур воқеъ буд, зери оташ гирифтанд. Фашистони бисёр кушта шуда, боқимондашон фирор карданд»¹.

Яркалов Алексей Назарович дар озод намудани стансияи Носель ва дигар шаҳру деҳоти Польшаи Ғарбӣ ҷонбозиҳои беамсол нишон дод. Дар варақаи мукофоти ӯ дар ин бора чунин навишта шудааст: «Сержанти калони гвардия, Яркалов Алексей Назарович 14-уми январи соли 1945 бо оташи тӯп ду пулемёт ва 20 солдату офицери немисро нобуд кард. 17 январи соли 1945 бошад ҳангоми ишғол намудани стансияи Носель бо оташи тӯпи худ ду автомашинаи пурбор, 2 пулемётро аз кор бароварда, 14 солдату офицери немисро ба ҳалокат расонд. 18 январи соли 1945 ҳангоми раҳнаи хати мудофиаи душман дар назди деҳаи Попельжин-Долцы оташи тӯпи Яркалов як пулемёт ва 8 солдату офицери фашистро несту нобуд кард. Ярка-

1 Архиваи марказии давлатии РСС Тоҷикистон, ф. 1691, р. 2. д. 67.

пешина
аз 139
навбатӣ