Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа
лов бо вуҷуди маҷрӯҳ шуданаш майдони ҷангро тарк накарда, фармондеҳиро давом дод1.
Бо тавсияи фармондеҳи полки 133-юми гвардия майори гвардия Битенов бо Укази Президиуми Совети Олии СССР 29 июни соли 1945 сержанти калони гвардия Яркалов Алексей Назарович бо ордени тиллои Шараф дараҷаи I сарфароз карда мешавад.
Ҳамин тариқ, сарбози ҷасуру ватандӯст Яркалов фашистонро то лонаашон — Берлин таъқиб намуда, корномаҳои беамсол нишон дод ва ба се дараҷаи ордени Шараф ноил гашт.
Баъди таслим шудани Германияи фашистӣ родмарди Ватан Яркалов ба фронти зидди Японияи милитаристӣ меравад ва дар муҳорибаҳо намунаи шуҷоату мардонагӣ нишон медиҳад. Дар яке аз муҳорибаҳо ярадор гашта, ба госпитали 888-уми шаҳри Куйбышев фиристода мешавад. Пас аз табобат ӯ то соли 1947 дар сафи қӯшунҳои Советӣ хизмат мекунад. Соли 1947 Яркалов аз сафи армия ҷавоб шуда, то соли 1954 дар шаҳрҳои Ашқободу Свердловск машғули меҳнати осошта мегардад.
Соли 1954 Яркалов ба шаҳри Душанбе меояд. Вай то соли 1981 дар заводи цементи Душанбе ба сифати челонгар кор мекунад. Дар андак муддат Алексей чун коргари меҳнатдӯсту кордон эътибори калон пайдо мекунад. Яркалов Алексей Назарович бешубҳа яке аз ветеранҳои заводи цемент мебошад. Дар ин муддат ӯ шогирдони зиёдеро тарбия намуда, ба воя расондааст, ки имрӯз ба номи устоди хеш шӯҳрат зам мекунанд.
Соли 1981 коллективи заводи цементи Душанбе ветерани ҳақиқии ҷангу меҳнат Яркалов Алексей Назаровичро ба нафақа гуселонданд.
1 Архивиси марказии Вазорати Мудофиаи СССР, ф. 33, р. 686046, д. 169. в. 101.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё