Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа
ронеж ақибиншинӣ кард. Аз шаҳри Воронеж мо ба ҳуҷуми ҷавобӣ гузаштем» 1.
Дар шаҳри Воронеж байни аскарони сурху қӯшунҳои фашистӣ муҳорибаи беамсол ба вуқӯъ пайваст. Сарбозони советӣ дар рафъи ҳамлаи гитлерчиён намунаи олии шуҷоату ватандӯстӣ нишон медоданд. Яркалов барои қаҳрамонию ҷонбозиҳои бемислаш дар озод намудани Воронеж 5 ноябри соли 1943 бо медали «Барои шуҷоат» мукофотонида мешавад.
Баъди ин сержанти калони гвардия Яркалов чун командири тӯп дар батареяи тӯпҳои 45-миллиметраи дивизияи 44-уми тирандозӣ дар ҳайати фронти Белоруссия корнамоиҳои зиёде нишон медиҳад. Дар ин бобат варақаи мукофоти ӯ, ки фармондеҳи армияи 56-ум навиштааст, гувоҳӣ медиҳад: «Командири взводи батареяи тӯпҳои зиддитанкии 45-миллиметра Яркалов 6 октябри соли 1944 дар озод намудани плацдарми соҳили чапи дарёи Нарев бо оташи тӯп як танку се пулемӯтро нобуд карда, 20 гитлерчиро ба ҳалокат расонд. 7 октябри соли 1944 бошад, рафиқ Яркалов се пулемёти душманро аз кор баровард ва бо ин ба рафъи ҳамлаи фашистон мусоидат намуд» 2.
Барои чунин қаҳрамонии шахсию роҳбарии моҳирона ӯ бо ордени Шараф дараҷаи II сарфароз гардонда мешавад.
Яркалов вазифаи интернационалии худро ҳам бомуваффақият иҷро кард. Саҳми Яркалов дар озод намудани шаҳрҳои Европаи Ғарбӣ аз фашистон калон аст. Вай бо чашмони хеш медид, ки мардуми заҳматкаш аз зулми Гитлеру ҳаммаслакони ӯ азобу шиканҷаи зиёд кашидаанд, аскарони сурхро бародарвор, чун
1 Архиви давлатии марказии РСС Тоҷикистон, ф. 1691. р. 2, д. 67.
2 Архиви марказии Вазорати Мудофиаи СССР, ф. 33, р. 690155, д. 5763, в. 259.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё