Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа
ба ин далолат мекунанд. Дар яке аз ин варақаҳо сатрҳои зайл сабт гардидаанд: «Командири тӯпи батареяи тӯпҳои 45-миллиметраи полки 133-юми тирандозии гвардия Алексей Яркалов дар муҳорибаҳои хунини наздикии деҳаи Удшенек бо оташи тӯпаш ду пулемёт бо нишонгиронаш нобуд сохта, ба аскарони пиёдаи мо имкон дод, ки ба хати мудофиаи душман наздик оянд ва мавқеи мустаҳкамро ишғол намоянд.— Ҳангоми гузаштани дарёи Нарев бошад, ӯ тӯпашро бо заврак ба соҳили дигари дарё гузаронд ва мавқеи қулайро ишғол карда, ҳуҷуми пуршиддати қӯшуни пиёда ва танкҳои фашистонро зада гардонд ва беш аз 10 гитлерчиро ба ҳалокат расонд»¹.
Алексей Назарович ҳанӯз пеш аз оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ худро чун сарбози бебоку ҷасур нишон дода буд. Вай дар ҳайати полки 88-уми артиллерия хизмат мекард. Баъдтар ӯро ба мактаби ҳарбии полк ба курси таълими сержантҳо фиристоданд. Курсро бомуваффақият хатм карда, ба рутбаи сержантӣ соҳиб шуд.
Полки Алексей инҳо рӯзи 22 июни соли 1941 дар шаҳри Тираспол меҷангид. Вай рӯзи аввали Ҷанги Бузурги Ватаниро ба хотир оварда, чунин навиштааст: «Субҳдами 22 июн садои самолёту бомбаҳо, ғурроси танку артиллерияи фашистон заминро якбора ба ларза овард. Ҳуҷуми ногаҳонии мо, аскаронро низ безобита кард. Бо фармони командирон мусаллаҳ гашта, бар ҷанги зидди фашистон шитофтем. Вале аён буд, ки таносуби қувваҳои ҳарбӣ нобаробаранд. Ба як тири мо душман бо даҳ тир ҷавоб мегуфт. Аммо рӯҳафтода нашудем, хуб мефаҳмидем, ки ин ҳама муваққатианд. Ба қудрату тавоноии давлатамон имони комил доштем... Бо нишондоди Фармондеҳи Олӣ полки мо то Во-
¹ Архиви марказии Вазорати Мудофиаи СССР. ф. 33, р. 690155, д. 5685, в. 44.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё