Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа
«Ту фарзанди азизу арҷмандӣ,
Ту чун аҷдодҳоят сарбаландӣ».
ЯРКАЛОВ
Алексей Назарович
(1920)
Яркалов Алексей Назарович аз зумраи он ҷанговарон мебошад, ки дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар сафи пеши ҳамьярокон ҷангида, ҳамеша намунаи ибрат буд. Алексей соли 1920 дар ноҳияи Ғафури Бошкирдистон дар оилаи деҳқон ба дунё омада, айёми бачагиашро дар ҳамон ҷо гузарондааст. Вай баъд ба шаҳри Чорҷӯи РСС Туркманистон кӯчида меояд ва соли 1939 ба сафи Армияи Сурх даъват мешавад. Қабл аз ба хизмати Ватан даъват гаштанаш ӯ дар заводи пахтатозакунии Чорҷӯй кор мекард. Алексей ҳанӯз дар завод худро чун ҷавони меҳнатдӯсту қавиирода нишон дода буд.
Яркалов аз аввал то охири ҷанг бар зидди ӯрдуи фашистон диловарона меҷангад. Варақаҳои мукофотии ӯ, ки дар Архиви Вазорати Мудофиаи СССР маҳфузанд,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё