Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа
ки Игамбердӣ Хоҷамбердиев дар меҳнат низ намунаи ибрат будааст.
Ҷавоне назди мо омада салом дод.
— Ин кас, Анатолий, фарзанди калонии Хоҷамбердиев,— шарҳ дод Алексей Давыдович.— Фарзандонаш Анатолию Алиҷон, Олгаю Татьяна низ дар ин ҷо кор мекунанд. Ҳамаи онҳо чун падари хеш меҳнатдӯст, хоксору меҳрубонанд. Ин дам марди баландқомати кушодачеҳрае назди мо омада салом дод ва ҳолпурсӣ кард...
Маълум шуд, ки ӯ қаҳрамони очерки мо Игамбердӣ Хоҷамбердиев будааст.
— Биёед ба хона равем, ҳамсарам Анна Иосифовна шуморо мунтазир аст.
Дар хонаи қаҳрамон сӯҳбати мо хеле гӯр гирифт. Ман тирамоҳи соли 1941 ба фронт рафтам. Ҳамроҳи мо дар як вагон Сафар Амиршоеви кӯлобӣ (Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ) низ буд. Ёд дорам, дар вокзали роҳи оҳани Душанбе митинги серодаме барпо гардид. Он ҷо Котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон Д. З. Протопопов, Раиси Президиуми Совети Олии республика М. Шоғадоев, Раиси Совети Вазирони Тоҷикистон М. Қурбонов иштирок намуда нутқ карда буданд. Баъд моро тантанавор гуселонданд.
Баъдтар,— суханашро давом дода гуфт Хоҷамбердиев,— 3 январи соли 1944 дар шаҳри Витебски Белоруссия ман бори дигар бо Сафар Амиршоев вохӯрдам.
Он рӯз хуб дар хотирам ҳаст. Баъди муҳорибаи шиддатнок беҳолу бемадор дар гӯшае нишаста будам, ки ҷанговаре сурудеро замзама карда сӯи ман меомад. Ин Амиршоев буд.
Мо ҳамдигарро сахт ба оғӯш кашида, ҳолпурсӣ кардем. То дергоҳ сӯҳбат карда, Тоҷикистон, диёри азиз, дӯстонро ба хотир овардем. Сипас, бо хотири мушававаш хушбод гуфтем. Мо имони комил доштем, ки дар Тоҷикистон ҳамдигарро мебинем. Вале ҳайҳот,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё