Зеҳн
Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

«Касе к-ӯ боварии халқро арзанда
мегардад,
Ба ҳар кас дӯстрӯ,
ҳар хонаро зебанда мегардад».

ХОҶАМБЕРДИЕВ
Игамберди
(1912—1985)

Тобистони соли 1983 мо ба шаҳри Қайроққуми вилояти Ленинобод раҳсипор шудем. Ба мо хабар доданд, ки ӯ дар шӯъбаи посбонии ҳарбии комбинати қолинбофӣ кор мекунад. Сараввал ба назди сардори шӯъбаи посбонии комбинат Алексей Давыдович Колесников даромадем.

— Бале, — гуфт ӯ, — Игамберди Хоҷамбердиев ин ҷо кор мекунад. Дар комбинати мо қариб 100 нафар иштирокчиёни ҷанг кор мекарданд. Ҳоло бошад бештар аз 90 нафар меҳнат мекунанд. Хоҷамбердиев, — суханашро давом дода гуфт Колесников — беш аз 10 сол боз дар комбинат кор мекунад. Коммунисти матин, шахси меҳнатдӯсту қавиирода ва хоксор аст. Дар тамоми чорабиниҳои тарғиботии комбинат фаъолона иштирок мекунад, мураббии ғамхору меҳрубони ҷавонон аст.

Аз ин гуфтаҳои сардори шӯъба ба хулосае омадем,

пешина
аз 139
навбатӣ