Зеҳн
Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Оре, ба Абдуназар-амак ҳар се дараҷаи ордени Шараф насиб гардид.

Дар рӯзҳои таслим гаштани Германияи гитлерӣ Фармонқулов дар соҳилҳои дарёи Эльба меҷангид. Ҳамон рӯзҳо ӯро барои иштирок кардан дар паради Ғалаба ба Москва даъват карданд.

«Ман, — мегӯяд Фармонқулов, — он рӯзҳо худро хушбахттарин одам меҳисобидам».

Баъди ғалаба низ Абдуназар-амак чанд муддат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат карда, охирҳои соли 1946 ба зодгоҳи хеш — шаҳри Ӯротеппа баргашт.

Ӯ баъди чанд муддати истироҳат ба фаъолияти меҳнатӣ шурӯъ кард. Вай ҷонишини раиси правленияи колхоз, мудири ферма, сардори штаби мудофиаи граждании совхози «Истаравшан»-и ноҳияи Ӯротеппа шуда кор кард1.

1 Архиви марказии давлатии РСС Тоҷикистон, ф. 1691. р. 1. д. 90.

пешина
аз 139
навбатӣ