Зеҳн
Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

7 гитлерчиро зада нобуд кард. Барои чунин ҷасорат бо фармони дивизияи 175-уми тирандозӣ ӯ бо ордени Шараф дараҷаи III мукофотонида шуд 1.

Оре, Абдуназар Фармонқулов сарбози шердилу ҷасур буд. «Ин мукофот, — мегӯяд Абдуназар-амак, — маро ба корнамоиҳои навин ҳидоят намуд. Ҳуҷҷати дигари архив чунин далолат мекунад — «Ефрейтор Абдуназар Фармонқулов аз 18 то 27 июли соли 1944 дар ҷангҳои озод кардани қишлоқи Синдьини ноҳияи Маҷиевский вилояти Волинск ва қишлоқи Словацин-новы, ноҳияи Бяло-Подляси вилояти Люблино бо оташи тӯпи худ 2 паноҳгоҳ, 3 нуқтаи оташфишонӣ, 3 пулемёт ва зиёда аз 45 гитлерчиёнро несту нобуд кард 2.

Барои чунин шуҷоату далерӣ вай бо ордени Шараф дараҷаи II сарфароз гардонда мешавад. Дар ҳуҷҷати дигари архив дар бораи корнамоиҳои баъдинаи Абдуназар Фармонқулов чунин сабт шудааст:

— 10 сентябри соли 1944 Фармонқулов дар рахна кардани мудофиаи мустаҳками душман дар ноҳияи стансияи Мендзелес ва дар ҷангҳои навбатии озод кардани шаҳрҳои Грозов, Прага аз 12-ум то 16 сентябр ҷасурона ва бо қатъият амал кард. Вақте ки нишонгири тӯп ҳалок гардид, Фармонқулов ба ҷои вай гузашта бо оташи тӯп 8 пулемёт, 5 нуқтаи оташфишонӣ ва беш аз 2 взвод солдати фашистро нест кард 3.

Барои чунин қаҳрамонияш 22 феврали соли 1945 Президиуми Шӯрои Олии СССР ӯро бо ордени Шараф дараҷаи I мукофотонид.

1 Архиви марказии Вазорати мудофиаи СССР, ф. 33. р, 690, д. 5116, в. 31.

2 Архиви марказии Вазорати мудофиаи СССР, ф. 33. р. 690306, д. 598, в. 96.

3 Архиви марказии Вазорати мудофиаи СССР, ф. 33. р. 686046, д. 10, в. 257.

пешина
аз 139
навбатӣ