Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа
Дар ин задухӯрдҳо, дар мудофиаи Москва аскарони сурхи диловар қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон доданд.
Ҳамин тариқ плапи барқосои Гитлер дар бораи ба зудӣ ишғол кардани Москва барбод рафт.
Дар байни мудофиачиёни Москва фиристодагони республикаи Тоҷикистон кам набуданд. Онҳо низ бар зидди фашистони истилогар мардона меҷангиданд. Яке аз онҳо Абдуназар Фармонқулови ӯротеппагӣ буд.
Ӯ дар бораи мудофиаи Москваи азиз чунин мегуӯяд: «Оре, ҳифзи Москва басо душвор буд. Душман бартарии калон дошт. Вале, мо пойтахти Ватани паҳноварамон — Москваро муҳофизат карда тавонистем. Ғалабаи таърихии назди Москва танҳо туфайли роҳбарии хирадмандонаи Партияи Коммунистӣ, Сарфармондеҳии Олӣ, туфайли нотарсию бебокии аскарони советӣ, дӯстии безаволи халқҳои гуногунмиллати советӣ ба даст омад».
Фарзанди диловари халқи тоҷик Фармонқулов аз ибтидо то интиҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар озод намудани шаҳру деҳаҳои мухталифи советӣ ва Европадаи Ғарбӣ фаъолона иштирок дошт. Ҳуҷҷатҳое, ки дар Архиви Вазорати Мудофиаи СССР маҳфузанд, гувоҳи он мебошанд, ки ин марди корзор ҳамеша диловарона ҷанридааст. Дар яке аз варақаҳои мукофот дар бораи корнамоии ӯ чунин навишта шудааст: «Ефрейтор Фармонқулов дар озод кардани қишлоқи Вулька ва шаҳри Ковели вилояти Волынск, дар ҷангҳои шадид аз 18-ми март то 10-ми апрели соли 1944 дар сафи пеши қӯшуни пиёдаи советӣ чун разведкачии назоратчӣ амал карда, 7 пулемёт ва 2 нуқтаи назоратии душманро ошкор намуд, ки онҳоро артиллерияи мо зада несту нобуд кард.
29 марти соли 1944 бошад ҳангоми зада гардондани ҳуҷуми душман рафиқ Фармонқулов бо пулемёти дастиаш

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё