Зеҳн
Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

забтшуда 58% оҳан, 58% чӯян, 63% ангишт, 38% ғалла, 84% қанди Ватанро истеҳсол мекарданд» 1.

Дар чунин рӯзҳои мушкулу мураккаб Кумитаи Марказии Партияи Коммунистӣ, Ҳукумати Советӣ, Кумитаи Мудофиа, Ставкаи Сарфармондеҳии Олӣ барои зада гардондани ҳуҷуми фашистон ва баланд бардоштани иқтидори иқтисодию ҳарбии мамлакат чораҳо меандешиданд.

Дере нагузашта самолётҳои нави пуриқтидор, танкҳо, тӯпҳо ва яроқҳои гуногуни ҳарбӣ истеҳсол карда мешуданд. Вале хатари асосӣ ба Москва таҳдид мекард. Гитлер фармон дода буд, ки дили Давлати Советӣ — Москва то даромадани зимистон ишғол карда шавад.

Гитлерчиён ба самти Москва гурӯҳи армияи «марказ»-ро равона карда буданд, ки се армияи (2, 4 ва 9) ва гурӯҳи танкӣ (2, 3 ва 4), ҳамагӣ 77 дивизия, аз он ҷумла дивизияи 14-уми танкӣ ва 8 дивизияи моторонидашударо дар бар мегирифт. Ба 780 танк, 545 самолёт, 6800 тӯпу миномётҳои советӣ 1700 танк, 950 самолёт, зиёда аз 14000 тӯпу миномёти фашистӣ муқобил меистоданд. Шумораи қӯшунҳои мо 800 000 кас, лашкари гитлерчиён бошад бештар аз 1 млн. буд.

Алангаи задухӯрди бузург ба маркази Ватанамон — Москва хавфи ҷиддиро ба амал овард. Вале сарфи назар аз ин аз 16 ноябр то 5 декабри соли 1941 дар назди Москва душман талафоти калон дод. 55000 солдати фашистон нобуд гашта, беш аз 100 000 нафарашон маҷрӯҳ шуданд, 777 танк, 297 тӯп ва миномёт, 244 пулемёт ва 1500 самолёти душман нобуд гардид ва хати фронт ба тарафи ғарб дур партофта шуд 2.

1 «Украинская СССР в Великой Отечественной войне Советского Союза», ҷ. I. саҳ. 378.
2 Ниг.: «Великая Отечественная война Советского Союза» (1941—1945) Краткая история. М., 1970. саҳ. 123.

пешина
аз 139
навбатӣ