Зеҳн
Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

— Чӣ ҳам гӯям — табассуми хоксоронае кард ӯ.— Варақаи ҷангии ман дар дасти шумост, ҳамааш он ҷо навишта шудааст.

Абдуназар-амак пиёлаи чойро сӯи мо дароз карда, бо тамкини хосе ба гап даромад:

— Соли 1939-ум 17-ро пур карда, ба 18 қадам гузошта будам, ки маро ба сафи Армияи Сурх даъват карданд. Баъди чанд муддати адои хизмат финҳои сафед ба иғвои империализми байналхалқӣ моҳи ноябри соли 1939 ба ҷанги зидди Давлати Советҳо бархостанд. Ҷанг дуру дароз давом накарда бошад ҳам, қурбониҳои зиёде овард. Аз ибтидои ҷанг қӯшунҳои советӣ ба армияи Финляндия зарбаҳои сахт доданд. Англия ва Франция ба ваъдаашон вафо накарданд: онҳо ба Финляндия ваъда дода буданд, ки дар ҷанги зидди СССР дасти ёрӣ медиҳанд. Дере нагузашта ҳукумати Финляндия хатари торуморшавиро ҳис карда, ноилоҷ 12 марти соли 1940 ба шартномаи сулҳ бо СССР имзо гузошт. Дар шартнома ҳар ду тараф вазифадор шуданд, ки минбаъд бо якдигар ҷанг нахоҳанд кард.

Бояд гуфт, ки дар таслим гаштани қӯшунҳои финҳои сафед саҳми Абдуназар-амак барин сарбозони далер низ калон аст. «Ман,— мегӯяд ӯ,— аввалин даҳшатҳои ҷангро он ҷо дида будам. Баъди ин ман дар шаҳри Гроднои вилояти Минск хизматро давом медодам.

Фашистони лаъини гитлерӣ бе ҳеҷ як эълон ба сарзамини мо ҳамла оварданд. Рӯзҳои аввали ҷанг басо даҳшаттовар буданд. Фашистон шаҳру деҳаҳои моро девонавор забт карда, ҳамоно тартиботи бераҳмонаи фашистии худро барқарор менамуданд. Вале мо ҳама ба ғалаба боварии комил доштем».

«Дар зарфи панҷуним моҳи аввали ҷанг фашистон ба шаҳрҳои марказии Давлати Советӣ — Ленинград, Москва, Ростов наздик омаданд. Охир, то ҷанг районҳои

пешина
аз 139
навбатӣ