Зеҳн
Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

баъдтар фаҳмидам, ки ӯ дар ҳудуди республикаи Литва дар яке аз муҳорибаҳо қаҳрамонона ҳалок гаштааст. То ҳол ин доғи ҳасрат аз дилам нарафтааст. Сӯҳбати Игамбердӣ-амак моро сахт мутаассир кард.

Игамбердӣ-амак зодаи кӯҳистон аст. Ӯ дар деҳаи Ошобаи ноҳияи Ашти вилояти Ленинобод ба дунё омадааст. То ба сафи армия даъват шуданаш дар колхози ба номи Будённый кор мекард. Соли 1934 ӯро ба сафи армия даъват менамоянд. Дар полки 7-уми махсуси артиллерияи кӯҳӣ чун нишонгири тӯп хизмат мекард. Туфайли машки пайвастаю иродаи матин дере нагузашта чун «мерган» ном баровард.

Моҳи декабри соли 1936 буд. Ҳунари нишонгирии ҷанговарони полк санҷида мешуд. Дар санҷиш Маршали Иттифоқи Советӣ С. М. Будённый иштирок дошт.
Ӯ ҳамчун яке аз беҳтарин ҷанговарон ба раҳматномаи Будённый сазовор шуд.

Ҳамон сол Хоҷамбердиев ба зодгоҳаш баргашт. Дере нагузашта ӯро кумитаи ноҳиявии комсомол ба курси 6-моҳаи коркунони молия ба шаҳри Душанбе ба хондан мефиристад. Баъди хатми таҳсил ӯро ба вилояти Ғарм мефиристанд. Аз августи соли 1937 то январи 1939 дар шӯъбаи молиявии ноҳияи Ҳоит инспектор шуда кор мекунад. Январи соли 1939 бошад ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Қалъаи Лаби Об ба кор таъин мегардад. Вале фаъолияти меҳнатии ӯ дер давом намекунад. Чанде нагузашта Ҷанги Бузурги Ватании оғоз мегардаду 25 июли соли 1941 бори дуюм ба ҳифзи Ватани азиз меравад.

Ӯ аз ибтидо то интиҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ далерона ҷангидааст. Чандин бор захмдор гашта, боз зуд ба саф баргаштааст.

Апрели соли 1943 ӯ дар блиндаж билети аъзои партияи Ленинро гирифт. «Ин лаҳзаи пурҳаяҷонтарини
ҳаёти ман буд, — мегӯяд Хоҷамбердиев. — Билети партиявӣ

пешина
аз 139
навбатӣ