Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

– Оя! Дилаш бо ёдоварии ӯ тах кашид. Бечораи бегуноҳ! Ду моҳ пеш чашмаш ба модар афтод, ки бе ягон сабаб ба вай песонда нигоҳ мекунад. Кампир аз келинаш норозӣ, мазмун, як сол боз бо шавҳараш зиндагӣ мекунаду ҳеҷ не ки шикам дамонад. Бечора, бечораяк! Оя андешид ӯ ва талх хандид. Ҳо, Оя бечора; худаш чӣ? Ва ин савол модар аз пояш рабуду аз нав ба заминаш нишонд. Чӣ кор кунад? Минбаъд чӣ тавр зиндагӣ кунад?

Нишоту сурури шабҳои аввал бо зудӣ даргузаштанд. Вай ҳатто ҳусну назокати занонаи Ояро дигар эҳсос намекард. Хашму ғазаб самимияти қаблии ӯро иваз карда буд, ба дараҷае, ки ҳатто Оя намешинохташ. Ба он ҳама малоҳату зебоӣ, назокату мулоиматӣ вай ба Раҷаб хурсандӣ бахшида наметавонист. Бехабар аз худ ӯро азоб медодагӣ шуд, инро лағоҳиҳо вақти дидани чеҳраи коҳидаю дастони аз тарс ларзандааш ҳис мекард. Баъд аз карда пушаймон мешуд, раҳмаш меомад вале зуд тағйир меёфту бо қаҳр сараш дод мезад. Як пагоҳӣ аз дӯғи бемавриди ӯ Оя як кад парида пиёлаи ҷончӯшро болои пояш рехт. Ғазаби Раҷаб як бар даҳ афзуду Ояи дастпок дар даст ба истиқболаш ояндаро тела дод. Вай ба рӯи фарш паҳлӯи ҷевон ночунбон афтод. Раҷаб башаст аз хона бадар рафт ва бенаҳорӣ роҳи саҳроро пеш гирифт. Дар роҳ баногоҳ суханони аскари пир, амаки Вася ёдаш расиданд — мабодо занатро гунаҳкор накун, ба маъюбин ту ҷанг айбдор аст, на занат! Аз ин кашфиёти ӯ ҳатто лаҳзае боз истод. Ана, акнун ба дарки суханони ҳамяроки пираш сарфаҳм рафт; захм. Аз ту фарзанд намешавад. Намешавад! Ба дунё омадани фарзанд номумкин аст!! Айби ҷанг, дар ин хусус аз занат не, аз ҷанг домангёр шав! Ҷанг!

Ҳамон вақт ба хотир меорад Раҷаб, рӯи роҳ истода бори нахуст дар борон он ҳама ҳодисоти рӯҳдода андеша кард. Вай ҳатто худро намешинохт, аввалҳо дӯғу даранг мекард, акнун дармеафтад. Зиндагиро барои Ойя ба азоби дӯзах табдил дод. Аз модар рӯй метобад, аламаш меояд ҳине ки ӯ мехоҳад ягон чиз гӯяд. Оҳҳо чӣ гуноҳ доранд? Ҳеҷ. Нағз медонад ҳар ду дӯсташ медоранд. Ва аз рӯи меҳр мебахшандаш. Чонаш аз оҷизӣ ва нотавонӣ нолиш кард. Ҷанг гунаҳгор, захмдораш кард. Бисёр мехоҳаст ин лаҳза бо духтур ё амаки Вася вохӯрад, гап занад, маслиҳат пурсад дилашро таскин

пешина
аз 328
навбатӣ