Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
— Агар ҷанг намебуд мо ҳоло соҳиби фарзанди чор-панҷсола будем, — ба атроф нигаристаю табассум намуда гуфт Ойя ва овезаҳои нуқрагиро аз гардан гирифта ба сар рӯймолаки сабуки читро баст.
— Агар ҷанг намебуд, — суханони ӯро такрор кард Раҷаб оҳи чуқур кашида.
— Ҳоло-ку ҷанг, тамом шудааст! — бо мамнуният гуфт Ойя ва гӯшан кӯрпаро якнима карда рӯи рахти хоб нишаст. — Шукр ту зиндаву саломат ба хона баргаштӣ! Як орзуям ҷомаи амал пӯшид, акнун дуюмаш...
Аз ғоят шарм кулчаҳои рӯи гандумаш арғувонӣ гаштанд ва бо карашма аз Раҷаб рӯ гардонд.
Ин лаҳза ҳиссиёти гуворое тамоми вуҷуди Раҷабро фаро гирифт. Вай аз ҳиссиёти фаромӯшшуда ҳайрон буд. Пас захму суханони ҷарроҳи қисми санитарӣ куҷо шуданд?... Эҳсоси дастони гарму бадани нафису нарми Ойя ба олами андешаваш саволҳояш хотима гузошт.
Рӯз равшан шуда бошад ҳам дар дидаашон хоб набуд, касе халалашон намерасонд. Баъд Ойя хест, вай то дер вақт бо фароғат хоб рафт. Аз хоб осуда ва бо табъи хуш бедор шуд, дар таҳминаш духтур хато карда буд. Ҳамчун мард қуввааш боқӣ монда буд, пас метавонад дӯст дорад, фарзандон ба дунё орад...
Он шабу он рӯз ва шабонарӯзи баъд хушбахтии ӯро интиҳо набуд... Наметавонист ба ёд орад, ки кай эҳсоси хушбахтӣ аз ӯ чун абри пагоҳирӯзӣ дар осмон пароканда шуд. Мутаассифона, ин ҳолат дар наздиктарин вақт рух дод...
Дар муҳити торики шаб ӯ танҳо хастаҷону хастаҳол менишаст. Фикри дигар ба ҷуз дар ҳамон ҷо афтодану мурдан дар сар надошт. Худро ба пушт партофта пойҳои аз беҳаракатӣ карахтшудаашро дароз кард. Хоки нарму ҳанӯз гарми соҳил ба баданаш ҳарорат бахшид, умеди зиндагиро дар дилаш аз нав афзуд.
Раҷаб шояд андаке пинак рафт. Чунки бедор шудан замон худро дар он зулмати шаб, дар саҳро соҳили ҷӯй хуфта дарёфта, мутаҳайир гашт. Бо як ҷаҳиш аз ҷо хеста ва барқвор магазин, чеҳраҳои гирифтаю ошуфтаи мӯйсафедон, тамасхурҳои Сафари магазинчӣ, истакони чиркину арақи чун оби чашма мусаффо ёдаш омаданд. Осмон пурситора буд.
«Бевақт, соат қариб даҳ шудагист» аз дил гузаронд ӯ ва пеши назараш модару ҳамсари аз интизорӣ ҷонсаракшудааш омаданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё