Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

зераш парто ман онро ният барои писарам дӯхтаам...
Кадом кори неки кардаам дастгир шуд. Худо оҳашро шунид.

Хушдоман баромаду Ойя ба рӯбу чини хона пардохт. Раҷаб номаълум ба вай назора дошт. Занаш кӯшид ҳаяҷони ботиниашро ниҳон дораду ба Раҷаб нигоҳ накунад, аммо сараш бидуни ихтиёр бо он сӯ мегашту лабонаш худ аз худ ғунча гашта майл ба табассум менамуданд. Вай аз нахустин шуда муроҷиат кардан худдорӣ мекард. Раҷаб ҳам намедонист гапро аз чӣ сар кунад.

Ойя кӯрпачаи фармудаи модарро монда, дуи дигарро паҳлуи ҳам партофт. Раҷаб, ки кори ӯро муоина дошт, беихтиёр пурсид:
— Чаро гуфтаи модарро намекунӣ?

Ойя табассум кард ва ҷониби шавҳар чунон назари лутфу меҳр афканд, ки ба мағзу устухонаш коргар намуд.
— Ман ҳам ният карда будам. Инҳо кӯрпаҳои тӯямон. — Ба ёдат омад, ман дар бораиашон вақти тӯямон ба ту нақл карда будам.

Тӯй... Аспҳо бо рӯймолакҳои сурхи абрешимин оро дода шудаанд, аробаҳо пур аз духтарому занони ороставу пероста. Ҷавонон ҳам аз онҳо мондагӣ надоранд, кӯдакон аз шодӣ доду фарёд мезананд. Дилхоҳ ҳама аз фарах лабрез. Шодӣ, ҳаяҷон ва интизорӣ болои ҳам омадаанд. Он ҳама чунон зинда ба хотираш омад, ки гӯё дирӯз шуда бошад. Суханони шаби нахусти бо ҳам монданашон низ дар ёдашанд. Тамоми давраи ҷанг онҳо дар гӯшаш садо медоданд.
— Ана, ман ҳам ният кардам! — ба такрор гуфт Ойя.

Вай чизеро орзу карда буд, ки хушдоманаш пеш аз таваллуди писараш таманно дошт. Шаби аввал Раҷаб бо ҳамсари ҷавонаш қисса карда буд, ки модараш бо нияти писардор шудан ин кӯрпаи кӯҳнаро дӯхта, баъд онро кат карда мондааст, ки боз шаби тӯяш партояд. Ойя ҳам шавҳарашро ба ҷанг гусел карда шабҳои дароз дар интизории ӯ ба хотири бозгашташ ва писардор шуданашон кӯрпа дӯхт. Вай ҳам ният карда буд, ки шаби баргаштани шавҳараш онро ба зери пояш мепартояд. Ҳоло ӯ кӯрпаи қадимаи модар ва дӯхтаи худашро паҳлӯи ҳам партофтааст, барои дарёфти хушбахтӣ, ишқ ва фарзанд.

пешина
аз 328
навбатӣ