Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
нарафт, баъд... Амаки Вася, ба имдодаш расид. Ин аскари солхӯрдаи мӯйлабдор, ки дар кати шафат мехобид, ӯро падарвор нигоҳбонӣ мекард, рафту гӯш накунад санитаркаи солхӯрдаеро ба ёри мехонд, дукаса ӯро ором мекарданд. Боре амаки Вася дуру дароз бо духтур пичир-пичир гап заду баъд ба Раҷаб гуфт, ки пешакӣ чизе гуфтан мумкин нест.
Қудрати мардиаш мондааст, аммо пораи снаряд кадом канали нозукашро буридааст, аз ин рӯ, духтарон ақида доранд, ки фарзанд намеёбад. «Дар ин дунё чӣ номумкинҳои мумкин шудаанд, бо занат зиндагӣ кунӣ ҳамааш маълум мешавад. Аз ҳама асосиаш писарам, фаромӯш накун, ки гуфт ҳангоми хайрухуш амаки Вася, агар фарзанддор нашавед занат не, ҷанг гунаҳкор аст, лаънатии Гитлер гунаҳкор аст, онаи зорашро...
Акнун лаби ҷӯӣ нишаста вазнин сар меҷунбонад, на занаш гуноҳ дораду на худаш, сабабгори безурӯтиашон Гитлери малъун, ҷанг аст. Ҷанг! Вай бебокона размид, ҳарифро зӯр овард, дастболо шуд, аммо чӣ тавр бар фоҷиаи ислоҳнопазири худ ғолиб ояд, намедонист.
Соле қабл дар хонаи холишуда танҳо бо тамоми ҳастӣ кӯшид илоҷе ёбад, аммо наметавонист. Ягон фикри сара ёдаш намеомад. Меҳмононро гусел карда, модар ба хона даромад. Дуди тамокуи Ҳамдам-ағаро хуб «навозиш» карда, зуд тирезаро кушод. Ба хона насими рӯҳнавози субҳгоҳӣ ворид шуд. Фақат ин лаҳза Раҷаб дуди талху вазнини тамокуро ҳис кард, ки қабза-қабза дар хона гардиш дошт ва ҳавои сабуки аз ҷониби дашт вазандаро ҷой додан намехост. Раҷаб аз ҷой бархосту тасмаи аскарияшро дуруст карда назди тиреза омад. Ҳавои сабуки саҳаргоҳӣ ба машомаш зад. Худро дар оғӯши модар андохт. Ба назараш чунин расид, ки ягон вақт ин қадар озод нафас накашидаасту ин гуна бӯйи муаттарро нашимидааст. Оғӯши модар, ҳавою бӯйи дунё! Боз вай нияти наомадан ҳам дошт! Э, дар як он аз ғами дурӣ аз зодгоҳ, аввали бемислаш, модари ҷигарбандаш мемурд. Ин орзуҳои ширин лаҳзае бори ғам аз сараш фиканданд.
Набот-оча ҳарчанд мехост нишинад вале зуд бархост то бо писараш хайрухуш кард:
— Фароғат кун писарам, хоб рав, медонам дар ин панҷ сол хоби дуруст ҳам нарафтай, — ва ба келинаш, ки дар остонаи дар меистод рӯ овард: — Духтарам, ту ҷогах андоз. Ҳо, ҳамон тахкӯрпаи мағзинаш кабудро ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё