Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

аз он сабаб, ки ӯ сирре дошт ва мехост ба ҳар роҳу воситае набошад онро аз онҳо пинҳон дорад...

Раҷаб банди андеша ба хонаашон чӣ тавр омаданашро пай набурд. Дами дар боз истод, ба қабзаи дуди сиёҳи аз пушти панҷара баландшаванда нигарист. Ҳолаташро санҷид, сараш андаке дард мекарду халос.
Вай бояд ба хона дарояду ба чизе, коре эътироз кунад. Аммо дасту дилаш ба ин кор намерафт. Эҳ, кам шуд,— андешид вай.— Истакони дуюмро ҳам бардоштан лозим буд. Мӯйсафедон халал расонданд, мӯйсафедон...

Аз дами дари хонааш ақиб гашт ва роҳи саҳроро пеш гирифт. Агар касе дар роҳ дида монад дар бошишгоҳ кор дорам мегӯяд, андешид ӯ.

Пардаи сиёҳи шаб доман паҳн мекард, Раҷаб бошад роҳ мерафту гузаштаро ба ёд меовард...

Он вақт модари ҳайрон ба рафтори писараш чунин баҳо дод: калон, марди ҳақиқӣ шудааст, Раҷаб, пурсабру ботаҳаммул — акнун модарро дигар ҷойи тааҷҷуб намонда буд. Раҷаб тағйирёбии нигоҳи чашмони модарро ҳис кард ва гуфтан мумкин аст фикрашро аз чашмонаш хонд. Модар, модар аст,— андешида буд он вақт ва ҳозир ҳам он лаҳзаҳоро ба ёд меовард вай, ҳамеша мефаҳмад, мебахшаду ҷонибдорӣ мекунад, зан бошад...

Ойа дигар ба хона, назди меҳмонон надаромад. Аммо паси дар садои қадамҳои нозукаш, ба ҳам хӯрдани дегу коса ба гӯш мерасид. Меҳмонон ҳам оқибат якҷоя бархостанд. Модар барои гуселашон берун баромад, хона холии шуд. Раҷаб ҳамчунон ҳайрону гарон. Охир чорае ҷуста натавонист, ки бо Ойа чӣ тавр муносибат кунад. Муҳимаш ҳамин ҳоло ки хона холии шудааст ва имкон дорад ҳамин замон занаш даромада ояд. Оқибат бо шавҳари дӯстдошта ва пазмоншудааш танҳо мемонад.
Баъд чӣ?

...Раҷаб дар соҳили баланди чун пуроб нишаст, сари аз асари арақу фикру ёди бесару нуг бадард даромадаашро бо дастон дошт. Ҷавони музтар монда буд.
Оҳ, агар касе медонист, ки он лаҳза чӣ қадар барои ӯ душвор аст!

Он шаб дар дил қарор кард, ки аз хусуси маъюбнаш
ҳарфе намезанад, на ба ҳамсару на ба модараш. Охир
чи тавр нагӯяд, вақте ки... Вақте ки ҷарроҳи қисми санитарӣ рӯйрост ва дилсӯзона, чун мард гуфт, ки аз ӯ
фарзанд намешавад. Раҷаб сараввал ба суханони ӯ сарфаҳм

пешина
аз 328
навбатӣ