Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

бахшад. Онҳо медонанд-у мефаҳманд ӯро шояд ягон роҳи кор гӯянд. Аз куҷо меёбӣ онҳоро? Дигар ба ки дарди дил мекунӣ? Охир ин як касале, ки ба ҳеҷ кас ҳам гуфта намешавад...

Ҳоло бошад нимашаб тани танҳо дар саҳро музтар нишастааст, банди андешаҳои бесару нӯғ. Чӣ кор кунад? Куҷо равад?

Муддатест, ки ба ин ҳол гирифтор аст, аммо боре назди худ, виҷдонаш ҳисобот надодааст. Аз ҷанг нимаҳои тирамоҳ баргашт, бадбахтиашро бошад қарибиҳои баҳор дарёфт. Се-чор моҳ сипарӣ шуд, боз ду моҳи дигар фикр кард, ки бо Ойя чӣ кор кунад. Вай фарзанд мехост, модар шудан, хушбахт шудан мехост. Ӯро аз ин саодат маҳрум созад?

Аз ин андеша дар танаш мургак дамид.

Гираду ҷудо шавад. Не, наметавонад, чунки дӯсташ медорад, аз ҷонаш зиёд! Барои ӯ ҳам осон нест дарки он ки аз вай писар ба дунё намеояд, дар фронт вай захмӣ не, кушта шудааст. Кунун ҳам зинда нест вай, танҳо вуҷуд дораду халос, чунки ҷони мурда мегардаду бас. Аҷаб марге, зинда, саломат, чор ишкалаш бутун, аммо рӯз надорад. Ба маънои ҳикмати халқ — хонаи бекӯдак мисли қабр аст, кунун сарфаҳм рафт. Раваду Ойя ӯро тарк кунад? Дар ҳақиқат он вақт хона хомӯшу шабеҳи мазор мешавад. Кампири Набот ҳам сутун нест, муддати зиёде гумон аст, ки дар он хонаи хомӯш зиста тавонад. Худаш танҳо мемонад, чунки дар гӯр.

...Замин ҳанӯз гарм бошад ҳам аз ҷониби дашт шаббодаи сард мевазид. Чодари сиёҳи шабро ситоразори осмон гулдӯзӣ карда буд. Моҳи нав ҳам аз қисмати шарқии осмон рух менамуд. Таъсири арақ ба дараҷаи нестӣ басанда шуд. Раҷаб батамом ҳушёру дар фикри ҷустани чораи қатъӣ буд. Ба тарзи пештара зиндагӣ кардан — Ойяро таҳқир намудаву зери таъқиби нигоҳи нафратомези ҳамсояҳо ба мағозин рафтану аз истакони чиркин арақ нӯшидан, аз Сафари фурӯшанда тамасхур дидан, асабонӣ шудану дар хона ва кор дод задан мумкин нест, ба хулоса омад ӯ.

Аз Ойя бояд ҷудо шуд. Бигузор ба хонаи падараш равад, шавҳар кунад, фарзанд ёбад. Лаҳзаи ин ҳолатро дар худ тасаввур кард, ки чӣ тавр марди дигар Ойяро дар канор мегирад, мебӯяду мебӯсад... Айдак монд, ки аз алам фарёд занад. Не, ин номумкин аст!

Сари по шуд, бо дастони кавияш рӯяшро молида

пешина
аз 328
навбатӣ