Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
ғазабашро фурӯ нишонд. «Ойаро ба ҳоли худаш мон, — гуфт худ ба худ, — вай ба гӯрхонаи ту ҳайф аст, бигузор дар хонаи зиндагӣ кунад, ки пур аз кӯдак бошад».
Чӣ тавр аз ӯ ҷудо шавад? Ин ба гуфтан осон, барои аз хонаи шавҳар рондани зан сабаб даркор. Аққалан ягон гуноҳ медошт. Ойа чун моҳест беайб. Ба вай «рав» гуфтан ҳам намешавад. Ҳақиқати ҳолро бароиш ифшо кунад? Асли гапро ба вай гуфта наметавонад.
Агар фаҳмад, ки шавҳараш маъюб асту азоб мекашад, Ойаи раҳмдил ҳеҷ гоҳ ӯро танҳо намегузорад, ҳеҷ гоҳ...
Хопу хомӯш азоби зиндагии талхро бо Раҷаб баробар мекашад.
Занаш ба қаҳру ғазаби вай пурсаброна тоқат мекард, дар ҷавоби дӯгу даранг ва хӯрдагириҳои ноҷо боре ҳам нашудааст ҷонибаш гашта нигоҳ карда бошад.
Ҳамчунон пурсабру боодоб буд, Ойа. Ва ин ҳолат бештар Раҷабро асабӣ мекард, ба дараҷае, ки дандонҳояшро ғиҷирос мезанонд. Боз фикри ҷудошавӣ ба сараш мезад. Аммо сабаби асосии ҷудошавиро ба вай гуфтан наметавонист. Илоҷе бояд кард, ки худаш равад, безор шаваду ӯро тарк кунад. Бешуурона бошад ҳам вай ӯро аз худ дур мекард, баҳудаю беҳуда можаҷро мекофт, ғавғо мебардошт ва ба дараҷае ки телааш медоду носозҳояш мегуфт. Вай бошад сабур буду тоқат мекард ва ин нафрати ӯро дучанд мекард. Боз раҳмаш намеомад. Алам аз арақ мегирифт. Баъд ба хулосае омад, ки баробари чанг, маъюбӣ, Ойа ҳам назди ӯ гунаҳкор аст. Ҳасташро сӯхт, аммо наметавонад, ки худашро...
Боз ва баз ҳамон савол пеши рӯяш омад; чӣ кор кунам? Илоҷро танҳо дар он медид, ки Ойаро маҷбур бояд кард, ки худаш равад. Аммо чӣ тавр метавон ӯро маҷбур кард? Аз ин савол боз Раҷаб бесаранҷом шуд, чунки Ойаи якрав фикри рафтан ҳам надорад. Охир дар ин нимашабон саҳронишинии ӯ аз дасти вай аст.
Медонад, агар хона равад вай ӯро боз гарм истиқбол мекунад, баъд рӯ ҷониби дигар мегардонад, ки ашқҳояш аз алам баромадаи чашмонашро набинад. Чунин нашудааст, ки вай ӯро ғурбат карда бошад, пурсад, ки чаро бо вай дагалӣ мекунад. На, вай кӯшиш мекунад табъи дили шавҳараш рафтор кунад...
Илоҷ карда ӯро ба хонаи модараш фиристодан лозим ва хастаҳолу андешаманд Раҷаб вазнин-вазнин қадам монда, ба хона раҳсипор шуд. Магар вай гуноҳе дорад?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё