Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
Раҷаб аз ҷанг баргашту Набот-оча ва Ойя хӯру хобро фаромӯш карданд. То фарзанду шавҳари дӯстдоштаашро нахӯронанд, об аз гулӯяшон намегузашт. Он шаб Набот-оча хӯрок пухта буд. Ойя аз кор дер баргашт, ба хастагиаш нигоҳ накарда дастархон густурд, нону чой, хӯрданиҳои дигар овард. Корҳои дигари хонаро саранҷом кард, баъд аз як гӯшаи дастархон гузашта нишаст. Модару зан бесадо, ҳар кадом банди андешаҳои худ, интизорӣ мекашиданд.
Кампир номаълум ба ранги паридаи Ойя назар карда, кӯшиш менамуд фаҳмад, ки миёни келину писараш кадом шамоли хунуке гузаштааст. Дар давоми ҷанг вай бо Ойя унс гирифт, дӯсташ дошт чун духтари худаш. Кам иттифоқ меафтад, ки хушдоману келин бо ҳам муросо кунанд, аммо Наботоҷаю Ойя ҷону ҷигар буданд. Вай ҳатто ягон сухан, ҳаракат ва рафтори ноҷои Ойяро ёд надорад. Келин-шуда омаду зуд ин хонадонро гарм гирифт, гӯё дар ҳамин ҷо таваллуд ёфта ба камол расида буд. Набот-оча дар Ойя ягон айб ёфта наметавонист, ҳайрон буд, ки чӣ ҳодиса рӯй дода бошад.
Аз ҷониби дигар Ойя зани хушкардаи худи Раҷаб. Набот-оча вақташ барои ёфтани ҷуфти муносиб ба ягона писараш тамоми қарияҳои атрофро дида баромад, оқибат ёфт маҳликоеро, ки мислаш дар он наздикиҳо набуд. «Як одобаш баҳои сад духтари тарбиятдида, кокулонашро намегӯед, то ҳами по» тавсиф мекарданд ӯро. Кампир ҳам ӯро маъқул кард, хост хостгор фиристад. Аммо писараш рад кард. Ба Набот-оча ин кори Раҷаб сахт расида бошад ҳам вақте ки вай номи арӯси интихобкардааш Ойяро гирифт, чизе нагуфт. Ба хотири хушбахтии яккаву ягона писараш розӣ шуд. Ба пурсишҳо ва гапу калочаҳои мардум дар хусуси духтари интихобкардаашро монда ба дари дигар хостгорӣ рафтанаш ҷавоб ёфт: «Писаракам шармгин, рӯяш нашудааст, ба ман гӯяд, ки дилаш ба Ойяҷон об мехӯрад». Модар хоҳиши писарро иҷрою бо тамоми қоидаву қонун тӯй кард, келин овард. Арӯси писарашро дӯст дошт. Аммо хурсандиашон дер напоид, ҷанг сар шуд.
Хушбахтие аз ин беш барояш буда метавонад, писараш сиҳату солим аз ҷанг баргашт. Гумон надошт, ки ин панҷ соли дуову зорӣ сипарӣ мешаванд, вале он рӯз фаро расид, ҳар ду бо Ойя ба дидори Раҷаб расиданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё