Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Набот-оча аз хурсандӣ ҷои нишаст намеёфт, ки хати сиёҳ роҳи хонаашро наёфт. Шукр мекард, кампир, шукри тақдир, ки чунин бахтро лоиқаш донист. Аз куҷо пайдо шуд ин абри сиёҳ, ки осмони софи хурсандиашро ба тамоми табох сохт? Кампири бечора ҳайрон буд.

Наметавонист фаҳмад, ки қаҳру ғазаби Раҷабро сабаб чист. Забони хуш морро аз хона баровардааст, мегӯянд, ин бошад... Раҷаб ба зорӣву тавалло ва насиҳатҳои модар эътибор намедод, бо Ойя тавре муносибат мекард, ки вай дигар назди ҳамсояҳо сар бардошта наметавонист. Як чиз ба Набот-оча аниқ буд — носозгорӣ ҳама аз ҷониби Раҷаб аст, на Ойя. Барои чӣ, бо кадом сабаб модари пир фаҳмида наметавонист. «Агар хоҳишашро рад карда, бо Ойя нею бо духтараки аз деҳаи Суғд хонадор мекардам гап дигар буд.» худ ба худ андеша меронд модар. Дар он сурат метавонист маро айбдор кунад, ки дилхоҳашро надодам. Ойячонро-ку худаш интихоб кард, дӯсташ медошт, пас чаро... Набот-оча дар ёфтани ҷавоб сари калоба гум карда буд.

Торик шуд. Хӯроки хунукшударо Ойя ду дафъа гарм кард, оби чойро ҳам ҳар замон ҷӯшонда меистод. Аммо аз Раҷаб дарак набуд.

Ойя ба хушдомани маъюсу ҳайронаш назар афканда дар як вақт суханони Раҷабро пас аз баргаштанаш аз ҷанг дар мизони ақл бармекашид. Рафтораш ба куллӣ дигар шуда буд. Вай ба вай эътиборе намедод, кӯшиш мекард, ки танҳо намонад. Аз он лутфу навозиш ва меҳрубонии пешини, ки тамоми солҳои ҷудоӣ Ойя дар дил парпаррид дар ӯ нишонае боқӣ намонда буд. Ҳатто гуфтораш дигару ба Ойя нофаҳмо буд. Такрор ба такрор таъкид мекард, ки ҳанӯз ҷанг тамом нашудааст. Не, он тамом шудааст мегуфт ӯ. Барои ту, барои ҳамсояҳо тамом шудааст, на барои ман. Ҷанг бароиш аз сари нав оғоз шуд, аниқтарас ҳамон лаҳзаи ба хона қадам ниҳоданаш оғоз шуда ва то дами марг идома меёбад. Вай ӯро тела медод, аз наздуш дур мекард вақте ки бо ҳам танҳо мемонданд ба такрор мегуфт ки мурдааст, вуҷуд надорад...

Пеш аз ҷанг Раҷаб меҳрубон, кушодарӯй буду табассум аз лабаш канда не. Мудом, паст ҳам бошад бо овози худаш сурудеро замзама мекард, кӯдаквор аз баромадани офтоб, ҷилои ситораҳою майсаи сабзазору шукуфтани гулҳо шодӣ мекард. Оламу одамро дӯст медошт. Намехост ҳатто мӯре зери пояш озор бубинад.

пешина
аз 328
навбатӣ