Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
Ӯ ба фронт гуселонида вай ҳеҷ гумон надошт, ки Раҷаб ба куштани ҳатто душман қодир бошад. Кунун эҳсос менамуд, ки чӣ тавр вай бераҳму бадкаҳр аст ва ҳатман одам куштааст. Занон дар саҳро аз хусуси ҷанг, онҳое, ки аз рӯи зарурат сӯи дигарон оташ мекушоянд, мекушанд, зиёд гап мезаданд. Одам, бигузор як дафъа ҳам бошад агар касеро кушад бешубҳа сангдил мешавад, тағйир меёбад ва дигар ӯ шахси пешина нест. Ба дурустии суханони онҳо акнун Ойӣ итминони ҳосил кард. Худи ҳамин Раҷаб пештар токати дидану шунидани суханони қабеҳу бад надошт. Худаш ҳоло дод мезанад, дагалӣ мекунаду ба такрор мегӯяд, ки ҷанг ҳанӯз охир наёфтааст.
«Ин тавр нагӯй азизам,— хаёлан ба ӯ муроҷиат мекунад Ойӣ. Ту барои хушбахтӣ ба дунё омадаӣ. Барои хушбахтии худаму худат. Ва барои ин бахт ту панҷ сол аз миёни тиру туфанг ва оташи ҷанг насӯхта гузаштӣ, ба хона баргаштӣ. Меҳри ман туро аз оташ эмин дошт. То нафаси охирин туро дӯст хоҳам дошт, навозиш хоҳам кард, фақат ту ҷангро фаромӯш кун, аз он ёд накун. Як ба олами зебои атроф, ки мову ту зиндагӣ дорем нигар, бубин чӣ тавр замин гул мекунад, паррандагон сархуш аз накҳати онҳо чӣ қадар дилкаш месароянд. Ҳанӯз, ки ишқ зиндаасту тантана дорад, қаҳру ғазабро чӣ ҳочат аст. Азизу ягонаи ман, аз ҷанг ёд макун, суханонеро ба ёд ор, оре он суханони зебо ва гӯшнавозеро, ки қаблан ба ман мегуфтӣ. Ман ташнаи он алфози ширину лабони нӯшинии туам!»
...Аз Раҷаб дараке набуд. Шаб ҳам касд кардагӣ барин дуру дароз тӯл мекашид. Ойӣ аз сар фикрҳои бадро дур сохта, кӯшиш мекард, лаҳзаҳои гуворои зиндагиашро ба ёд орад. Он шаб то субҳ зери ягона сарви назди хонаашон ба сар бурдааш ба хотир расид. Раҷаб паҳлӯяш меистоду ҳарф мезад. Чӣ қадар зебо ва дилкас буд гуфтораш. Ӯ қисса мекарду Ойӣ мешунид ва ҳеҷ аз сӯҳбаташ серӣ надошт. Рӯзи дигар барои идомаи мулоқот роҳи дувоздаҳкилометраро, ки миёни ауулҳояшон воқеъ буд, тай карда Раҷаб меомад. Барои он ки дӯсташ медошт. Дӯст медошт? — боз ба нохост барқвор ин савол ба сараш зад. Ҳа, ҳа дӯст медошт. Акнун аз ӯ мегурезад, маълум ки дӯст намедорад. Аз ӯ дил кандааст. Панҷ сол аз ӯ дур буд. Роҳи ҷангӣ вайро аз шаҳру қарияҳои зиёде гузарондааст. Шояд бо духтаре

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё