Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
аз Ойя беҳтару хушрӯтар вохӯрда бошад? Акнун баҳона меҷӯяд, то аз занаш ҷудо шавад.
Ин андеша Ойяро бесаранҷом карда, ҳатто тарсӯнид. Вай нигоҳи харосонашро ҷониби хушдомани андешамандаш дӯхт. Ваҷоҳати гирифтани ӯро дида, барои аз нав гарм кардани хӯрок аз ҷой хест.
Андешаи вуҷуд доштани зани дигар, ки ҷои ӯро дар қалби шавҳараш ишғол кардааст, аз сараш дур намешуд. Сабаби дилҳунукии мардакашро ҳам аз ҳамин медонист. Шабҳои дароз беҳаракату дилҳунук паҳлӯяш мехобид. Вай ҳатто аз паҳлӯ гаштан метарсид, мабодо ба ӯ нарасаду қаҳру ғазабашро наорад. Вай-ку табиатан шӯху ҳозирҷавоб аст ва ҳазлу шӯхиҳояшро, ки қаблан дӯст медошт, акнун чашми дидан надошт, дар ҷавоб танҳо маломат мешунид. Дар набудани Раҷаб хона ба дараҷае имрӯз тангу дилгир ва холӣ наменамуд. Шабҳои дароз дар дил орзу мепарварид, ба ёди дидори шавҳари азизаш ба хоб мерафт. Ҳоло ин хона бароиш сарду бегона шуда буд. Паҳлуи шавҳар хобида фикр мекард: Барои чӣ ин тавр рафтор мекунӣ, меҳрубони ман? Дилҳунук шудӣ? Ё дигареро дӯст доштӣ? Ойя наметавонист бовар кунад, ки Раҷаб дӯстдоштаи дигаре дорад ё на. Кист вай ва дар куҷост! Чӣ тавр Раҷабро ба худ гарм кардааст, ки ҳатто ба хона намеояд, ки Ойяро набинад.
Аз олам Ойя оҳи пурдарде кашид ва ҳис кард, ки дасти гарми модар сарашро сила мекунад. Набот-оҷа ҳайрону гарон ба чашмони пурашки ӯ нигоҳ мекард.
— Ку, духтарам, биё гап занем, — қатъиона сухан оғоз кард хушдоман. — Ман ба ту, духтарам, душман нестам, худат нағз медонӣ.
— Медонам, — бо овози базӯр шунаво гуфт Ойя.
— Агар донӣ, буду шуди гапро ба ман мегӯӣ. Гӯй, мисле ки ба дугонаат, хоҳарат мегӯӣ, гӯй!
— Ман аз Шумо гапи пинҳон надорам, инро худатон нағз медонед, модарҷон.
— Медонам духтарам, медонам, — овози Набот-оҷа аз нигоҳ доштани ашк ларзид. Рӯшод бигӯй, духтарам, миёни шумо чӣ ҳодиса гузашт? Аз ман пинҳон надор. Ман модарам, ҳамаашро мефаҳмам. Ба ту ҳам модарам. Дили зормондаам гувоҳӣ медиҳад ва худам ҳам мебинам, ки байнатон ихтилофе афтода. Гап зан, ҷони оҷа, дилатро холӣ кун, ба худат осон мешавад.
Барои он ки келинаш дасту по нахӯрад, Набот-оҷа

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё