Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

рӯ ҷониби дигар гардонд. Вақте ки дар ҷавоб фик-фики гиряро шунид, қаҳролуд боз ба Ойя рӯ овард.
— Агар гиря фоида мекард, ким-кай Гитлеру аскаронаш дар баҳри аз чашм фишондаи модару занони советӣ дар солҳои ҷанг ғарқ мешуданд. Ин кор бефоида. Фик-фикро мону беҳтараш ба ман ҳақиқати ҳолро гӯй.

Қатъияти суханони Набот-оҷа ҳар қадар ки афзояд, аламу гиряи Ойя ҳам дучанд мешуд. Оқибат тоқат накарда бо тамоми овоз ба гиря даромад. Кадом ҳақиқатро хушдоман аз ӯ талаб мекард? Ойя онро намедонист. Барои тасаллои дили модар дурӯғ гӯяд? Не, вай ин корро карда наметавонад. Бо ашки шашкатор фақат ҳамин қадар дарди дил кард:
— Намедонам охир, кадом магаси бад ӯро газидааст!

Набот-оҷа ба чашми пуралами келинаш нигариста афзуд:
— Бе ту ҳам мебинам, ки кадом магасе ӯро газидааст. Лекин ту занӣ, бояд донӣ, он чӣ гуна пашша асту чаро ӯро газидааст!

Ба нохост Ойя ором шуд. Бо нӯги остин ашки чашмон ва рухсораҳояшро пок карда ба гап даромад:
— Намедонам, намедонам. Ҳамин қадараш аён аст, ки вай аз ман дилхунук, — пас аз каме хомӯшӣ оҳиста илова кард: — тамоман бегона.

Вай ба хушдоман аз ин зиёд гапи гуфтанӣ надошт. Ба доно ишорат гуфтагӣ барин, барои кампир ҳам ҳамин қадар гап кифоя буд. Дилаш ҳам ба шунидани чунин ҷавоб гувоҳӣ медод. Вай аз рафтори бачааш ҳайрон буд. Онҳо боз муддате чанд хомӯш нишастанд. Баъд бархоста ба ҳуҷраҳои худ рафтанд. Хӯрдани хӯроки шом ба ёдашон ҳам нарасид. Модару зан банди андешаи аз вартаи бегонагӣ баровардани Раҷаб ва дарёфтани сабаби чунин рафтораш буданд.

Ҳуҷраи холӣ ба назари Ойя тангу нафасгир тофт. Барои тоза кардани ҳавои хона ба назди тиреза рафт. Пардаро якнима карда ҳар ду табақи онро кушод. Паси парда осмони пурситора ба назараш расид. Доси моҳи нав дар як канори он рух намуда буд. Ба моҳ рӯй овард, зориву тавалло кард, ки Раҷабро аз роҳи

пешина
аз 328
навбатӣ